Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуданд

Имрӯз, 2 май дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дубора ба муддати чаҳор соли нав президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Рустами Эмомалӣ пас аз дубора интихоб шуданаш ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба роҳбарони федератсияҳои футболи аъзои CAFA барои боварӣ изҳори сипос карда, зикр намуданд, ки бо саъю кӯшиши якҷоя рушди футбол дар минтақа идома хоҳад ёфт.

Дар Конгресси имрӯза президенти Федератсияи футболи Туркманистон Арслан Айназаров ва президенти Федератсияи футболи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Коргар ноибони президенти CAFA интихоб шуданд.

Дабири кулли Федератсияи футболи Эрон Ҳидоят Мумбенӣ ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи CAFA ворид шуда, ноиби раиси Иттиҳодияи футболи Қирғизистон Достонбек Конокбоев узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё аз Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид.

Дар Конгресси CAFA дар Душанбе президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, роҳбарону вакилони федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон, инчунин намояндагони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё ширкат намуданд.

Дар суханронии худ президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва раиси КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати дубора ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар рушди футбол дар минтақа комёбиҳо таманно карданд. Роҳбарони футболи ҷаҳонӣ ва осиёӣ ба кори CAFA, ки дар давраи пандемия барои дастаҳои мунтахаби минтақаи Осиёи Марказӣ даҳҳо мусобиқа доир намуд, баҳои баланд додан два он мусобиқаҳоро марҳилаи хуби омодагии дастаҳои мунтахаб ба чемпионатҳои осиёӣ ва ҷаҳонӣ донистанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон