Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Сарони ду давлат ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Зимни суҳбат президентҳо тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Омодагии ҷонибҳо барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ изҳор карда шуд.

Сарони ду давлат ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор анҷом дода, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли равон муҳокима намуданд.

Муҳтарам Владимир Путин аз Пешвои миллат ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва даъват ба амал оварданд.