Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ба Русия сафар намуданд

Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади вохӯрӣ бо доираҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ба минтақаҳои Санкт-Петербург, Самара, Казан, Тюмен ва Уфаи Федератсияи Русия сафар намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафари мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  иштироки роҳбарону намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ — ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон», ҶСК «Баҳористон», осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», ҶДММ «Скай тур», ҶДММ «Ориент Адвентур» ва шабакаи телевизиони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ҷиҳати муаррифии зарфияти сайёҳии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.

Зимни вохӯриҳо субъектҳои хизматрасони сайёҳии ватанӣ тариқи рӯнамо вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар мамлакат, аз ҷумла  сайёҳии табобатию солимгардонӣ, экологию кӯҳнавардӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот пешниҳод менамоянд.

Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Харитаи роҳи Тоҷикистон ва Русия, ки байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия моҳи марти соли 2023 дар ҳошияи сафари раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба имзо расид, амалӣ мешавад.

Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои байналмилалии Федератсияи Русия, аз ҷумла «Интурмаркет», «МИТТ» ва Новосибирск ширкат варзида, гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо маводи таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба имконияти сайёҳии ҷумҳурӣ ба бозори сайёҳии Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба бо Федератсияи Русия 17 апрели соли 2019 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи сайёҳӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон