Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Arabian Travel Market-2023 дар Дубай муаррифӣ шуд

Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Arabian Travel Market-2023, ки аз 1 то 4 май дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб  баргузор  гардидмуаррифӣ намудандДар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардид.

Маҳз дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои кушод»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд.

Бозори Arabian Travel Market (ATM) бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии дохилӣ ва берунӣ дар Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ҳазорҳо маҳсулоти сайёҳӣ ба меҳмонон ва мутахассисони соҳа аз саросари ҷаҳон намоиш дода мешавад.

Иштироки ширкатҳои ватанӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи давлат, бахусус дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Arabian Travel Market яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии мамлакат бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон