Дар шаҳри Тюмени Федератсияи Русия зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

 21 май дар шаҳри Тюмени Федератсияи Русия вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони бахши хусусӣ бо намояндагони мақомоти сайёҳии вилояти Тюмен, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии шаҳри Тюмени Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ байни ҶДММ «Тревл» ва осоишгоҳҳою ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон 5 ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, ҳадафи асосии вохӯрии мазкур муҳокимаи нақшаҳои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва вилояти Тюмен, тавсеаи ҳамкории мақомоти сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, табодули афкор ва ҷалби сайёҳони Русия ба Тоҷикистон мебошад.

Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон ба намояндагони соҳаи сайёҳии Тюмен рӯнамо оид ба имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ манзур карда шуд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати амну осоишта буда, дар он барои қабули сайёҳон тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ба роҳ монда шавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон