Дар шаҳри Самараи Русия зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд

Зарфияти сайёҳии солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ, экологӣ, табиати нотакрори Тоҷикистон тариқи рунамоҳои фарогир аз сӯи ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон -ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу табобатгоҳҳои мамлакат дар яке аз шаҳрҳои пешрафтаи саноатии Русия — Самара муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.    

Муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар минтақаҳои саноатии Русия имкон медиҳад, ки ҷалби сайёҳони рус ба Тоҷикистон бештар гардида, барои тавсеаи ҳамкорӣ бо ин кишвар дар самти сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Инчунин ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони осоишгоҳҳои Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, ки бо намояндагони ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, танзимгарони соҳаи сайёҳии Русия, аз ҷумла шаҳри Самара вохӯрию суҳбат намуда, муштариён ва шарикони нав пайдо намоянд ва ҳамкориро бо мақсади рушди сайёҳии мамлакат тақвият бахшанд.

Дар назар аст, ки  бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон  аз  Русия ба Тоҷикистон чунин мулоқотҳои судманд ва муаррифии имконоти сайёҳии Точикистон дар шаҳрҳои Қазон, Тюмен ва Уфа низ гузаронида шавад.

Тарғиби имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия баҳри амалӣ намудани Харитаи роҳ ҷиҳати рушди сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар ҳошияи баргузории Конфронси  нуҳуми минтақавии Тоҷикистону Русия, ки моҳи марти соли  равон дар Душанбе доир гардид, ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон инчунин аз Боғи дӯстӣ-этникии халқҳо дар шаҳри Самара, ки дар он намунаи таърихи қадимаи хонасозии миллатҳои гуногун мавҷуд аст, дидан намуд. Ҳамарӯза дар ин мавзеъ халқияту миллатҳои гуногуни Русия ва меҳмонону сайёҳон бо таъриху тамаддун ва сохти меъмории хонасозии миллати тоҷик шинос мешаванд.

Намояндагони сохторҳои  сайёҳии Тоҷикистон ва Русия баргузории чунин  намоишҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ ва дар ин замина истифодаи ҳарчи бештари имконоти мавҷуда муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

    АКС: Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон