Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиши аксҳо ташкил шуд

Ба ифтихори 100-солагии пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳо ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони  корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон  ва созмонҳои байналмилалӣ  иштирок намуданд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоишгоҳ аксҳо ва маълумоте ба намоиш гузошта шуд, ки давраҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти  Ҳайдар Алиев,  аз қабили фаъолияти расмӣ, кор дар даврони Шӯравӣ ва солҳои истиқлол, вохӯрию  сафарҳо ба вилоятҳои  гуногуни Озарбойҷон ва хориҷи ин кишварро инъикос мекунанд.

Дар намоиш директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳаёт ва фаъолияти  Пешвои миллии Озарбойҷон сухан намуда, нақши  Ҳайдар Алиевро дар рушди давлатдории муосири Озарбойҷон муассир арзёбӣ намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон