1 АПРЕЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРАНДАГОН. Имсол саъба парандаи соли 2023 интихоб гардид

1 апрел — Рӯзи байналмилалии парандагон (International Bird Day) Ҳадаф аз Рӯзи байналмилалии парандагон  ҳифзи  гуногунии намудҳои  парандагон ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба  нигоҳдории онҳо мебошад. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор  Саидов   суҳбат  намуд.

Саъба — парандаи соли 2023

Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Евгений Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд.

Имсол саъба парандаи соли 2023 интихоб гардид. Саъба парандаи андозааш хурд буда, ба оилаи чархресакҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб буда, 17 — 23 грам вазн дорад. Парҳояш серҷило буда, дар онҳо рангҳои сурх, зард, сафед ва сиёҳ ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд, ки ҳусни хоса зам менамоянд. Дар баробари булбул, кабк, бедона, тутию дурроҷ саъба парандаи хушхон аст. Ин паранда ба инсон зуд унс мегирад ва онро барои хониши форам дар қафас нигоҳ медоранд. Саъба монанди тути калимаҳои алоҳидаро талаффуз намуда, ба одам тақлид мекунад. Саъба серҳаракату чолок буда, дар муҳити  хоси зист села-села шуда зиндагӣ мекунад ва 15-20 сол умр мебинад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон  саъба ба истиснои Помири Шарқӣ дар ҳама минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ дар баландиҳои  700-2200  метр аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст. Муҳити хоси зисти саъба ҷангалзори сирак ва омехта, буттазор, боғот ва канори бешазори паҳнбарги кӯҳӣ ба шумор меравад. Саъба парандаи донхӯр буда, аз тухми растаниҳои гуногун ғизо мегирад, алалхусус дони растании мушхор, хори каррок, тухми офтобпараст ва ҷорӯбакро мепарастад. Дар шароити Тоҷикистон саъба парандаи муқимии лонагузор буда, вобаста ба мавсими сол кӯчиши  амудӣ мекунад. Дар  дарахту буттаҳои ҷангалзор лонаи курашакл мегузорад. Масолеҳи лона аз рӯйпуши чандири  растаниҳои гуногуни алафӣ ва дарахтӣ иборат аст. Аз 3 то 7 тухм, аксар маврид  4-5 тухм мегузорад. Чӯҷаҳо аз ҳашарот ғизо мегиранд ва давоми ду ҳафта ба парвоз омода мегарданд.

 Дар Тоҷикистон 400 намуди паранда сукунат менамояд

Парандагон гурӯҳи муташаккил ва аз нуқтаи назари эволютсия пешрафтаи  олами ҳайвонот ба шумор рафта, дар тамоми минтақаҳои дунё паҳн шудаанд, ки беш аз 10 ҳазор намудро ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 400 намуди парандагонро вохӯрдан мумкин аст, ки беш аз 180 намуди онро парандагони  муқимӣ ва зиёда аз 200 намуди дигарро парандаҳои кӯчанда  ё мусофир ташкил медиҳад. Дар шароити табиии Тоҷикистон макони асосии сукунати парандагон асосан минтақаҳои кӯҳӣ, даштҳо, ҷангалзор, биёбонҳо,  марғзор, кӯлу дарёҳо, обанборҳо ва маҳалҳои аҳолинишин мебошанд.

Парандагон ҳангоми кӯчиш дар масири парвоз  аз 8 то 10 ҳазор км бол меафшонанд

Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба фасли сол парандагон муҳити зисти  худро иваз мекунанд. Парандагони кӯчанда ё мусофир вобаста ба  фасли  сол — мавсими гармою сармо барои  ғизогирӣ, лонасозӣ ва насл ба мамлакати мо низ меоянд. Парандагон ду роҳи кӯчиш — баҳорӣ ва тирамоҳӣ доранд. Аз ҷумла, парандагон аз минтақаҳои гарми қораи Африқо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Ҳиндустон дар фасли баҳор ба мамлакати мо омада, дар фасли  тирамоҳ боз ба макони зисти  худ бармегарданд. Масалан, фароштурук ё парасту, ки он аз омад-омади фасли баҳор мужда медиҳад, аз қитъаи Африқо ба Тоҷикистон кӯчиш мекунад. Он парандаҳое, ки ба мамлакати мо меоянд, асосан парандагони ҳашаротхӯр буда, ҳангоми кӯчиш дар масири парвоз  аз 8 то 10 ҳазор км ҳаракат менамоянд.

Лаклаку мурғобиҳо аз Сибир ва Шарқи Дур дар обанборҳои “Баҳри Тоҷик”, “Норак” ва “Бешаи палангон” зимистон мегузаронанд

Чун зимистони Тоҷикистон гарму нарм аст,  миқдори зиёди парандагоне, ки дар об шино мекунанд, ба мисли лаклаку мурғобиҳо аз нимкураи шимолӣ- Сибир, Шарқи дур ва дигар минтақаҳое, ки зимистони қаҳратун доранд, барои зимистонгузаронӣ ба Тоҷикистон омада, дар обанборҳои “Баҳри Тоҷик”, “Норак”, “Бешаи палангон” ва ғайра зимистонро паси сар намуда, бо фаро расидани фасли гармо ба он минтақаҳое, ки сукунат менамоянд, бармегарданд.

Сардиҳои моҳи январ ба сукунати парандагон таъсир расонд

Ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ, аз ҷумла сардии аз меъёр зиёд, хусусан сардиҳои моҳи январи соли равон дар Тоҷикистон  ба сукунати ҳама намуди парандагон таъсир расонд. Дар чунин шароит бо вуҷуди пеш бурдани корҳои биотехникӣ аз ҷониби сохторҳои марбута, барои парандагон дар минтақаҳои кӯҳӣ ғизои лозимӣ ёфтан мушкил гардид. Ин омил боис шуд, ки бисёр намуди парандагон аз норасоии дон танқисӣ кашиданд ва баъзеи онҳо нобуд ҳам шуданд.

43 намуди парандагон ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд

43 намуди парандагон, аз қабили лаклаки сафед, шоҳин, лочин, бургут, мурғи тазарв, мурғи ҳумо,  дуғдоғ ва ғайра дар Тоҷикистон ҳамчун парандагони нодир ва зери тахдиди  маҳвшавӣ қарордошта  ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд.

Парандашиносон дар Душанбе ҷамъ меоянд

Дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии парандагон  ва парандаи соли 2023 эътироф гардидани саъба 1 апрел  дар  факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону мутахассисон ва парандашиносон ҳамоиши илмӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба ҳифзу нигоҳдории парандагон баррасӣ карда мешаванд.

Марзия  САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз