ҲУШДОРИ КОРШИНОС: Паҳн кардани андешаҳои экстремистӣ-террористӣ ҷиноят аст!

Таҷриба нишон медиҳад, ки дастовардҳои илму техника боиси пешрафти ҷомеаҳо, боло рафтани сатҳи некуаҳволии одамон ва зисти онҳо гашта, сабаби аз байн бурдани фаҳмишҳои беасос ва асримиёнагии динӣ-ифротӣ мегарданд. Мутаассифона, бо вуҷуди амалӣ гардидани чорабиниҳои васеи фаҳмондадиҳӣ, бардоштҳои ифротӣ дар қиёс бо фаҳмишҳои илмӣ   дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳамоно ҷойгоҳи хос дорад, ки нигаронкунанда мебошад. Коршиносони соҳаи дин аз он дар ташвишанд, ки насли ҷавони мо аз техникаи компютерӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ на ба сифати абзори кумакрасони худ барои бохабар шудан аз навигариҳои илмиву техникӣ, балки ҳамчун воситаи осони паҳнкунии ақидаҳои ифротии бегона истифода мебарад.  

Бо мақсади шарҳи бештари мавзуъ, дар зимн хулоса ва ҳушдори коршиносони масъалаҳои дин Маҳрамбек Маҳрамбеков- котиби илмиии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аҳтам Рамазониён- сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси  диншиносии ҳамин Марказ пешкаши хонандагон мегардад. 

— Имрӯзҳо фазои маҷозӣ барои тамоми инсонҳо ҳаққи сухан гуфтан,  навиштан ва имконияти васеи паҳн кардани андешаву дидгоҳи худ ва дигаронро додааст. Яке аз мушкилиҳое, ки фазои маҷозии Тоҷикистон дорад,  ин гардиш ва ё паҳн кардани суханрониҳои мубаллиғони динии ифротӣ мебошад. Маводи дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ, ки имрӯзҳо дар фазои иҷтимоӣ паҳн мешавад, метавон ба чор қисмат тақсим намуд:

  1. Суханрониҳои воизони дохилие, ки солҳои пеш ба навор гирифта шудаанд, аммо то ҳол дар фазои маҷозӣ давр мезананд;
  2. Суханрониҳои воизони динии афғонтабор, ки аксарияти онҳо дорои хусусияти динӣ-ифротӣ буда, барои ифротикунонии тафаккури динӣ ва заминагузорӣ барои зиддият ва муноқишаҳои динӣ мусоидат менамоянд;
  3. Суханрониҳо ва ё ба истилоҳ нашидҳо бо забони арабӣ, ки як теъдоди онҳо дорои мазмуну хусусияти экстремистӣ-террористӣ мебошанд ва шаҳрвандон қисме агар дониста онҳоро паҳн мекунанд, як қисми зиёди корбарони сомонаҳои иҷтимоӣ мазмуну моҳияти онҳоро дарк накарда, ба ин кор машғуланд;
  4. Суханрониҳои худи ифротиҳои тоҷике, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ҳаёти ҳар як ҷомеа бо мурури замон тағйироти нав ворид мешавад ва ин падидаи муқаррарӣ аст. Аз ҷумла, дар дин низ омилҳое мавҷуданд, ки вобаста ба он ҳукми ин ё он масъала тағйир меёбад. Хусусан вақте омил аз байн рафт, ҳукм ҳам бекор мешавад. Яке аз онҳо ин тағйирёбии замону макон аст. Яъне,  як масъала дар як замоне дар як шакли ба худ хос матраҳ мешуд ва ҳукми он ҳатмӣ буд, вале  дар замони дигар моҳияти худро гум кард ва ё бо тарзи дигар ҳукми он тағйир ёфт. Зеро бо гузашти замон фаҳмиш ва дигар унсурҳои иҷтимоӣ тағйир ёфта, талаботи нави зиндагӣ рӯи кор меоянд. Дастовардҳои илмӣ ҳаёти ҷомеаро куллан дигар карда, дар баробари он фикру андешаҳо ва ҷаҳонбиниҳо низ дигар мешавад. Ба ин чандин мисолҳо овардан мумкин аст, аммо тавре мегӯянд: “Ба доно як ишора бас аст”, афсонаҳои гузашта ба воқеъияти имрӯз созгор нестанд. Ва инро бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хуб дарк кунанд.

Айни ҳамин раванди паҳн намудани суханрониҳои воизони берунӣ ва ё руҳониёни дохилӣ, ки дар солҳои пеш гуфта шудаанд, бештар ба мушоҳида мерасад. Солҳои пеш, руҳониён аз он “минбарҳо ва озодиҳо”, ки дар ихтиёр доштанд, истифода намуда, ҳар сухане дар забонашон омад, гуфтанд. Ин тоифа нисфи мардумро мушрик, нисфашро кофир, нисфи дигарро ҳаромзода ҳукм карданд. Ҳатто баъзеашон аз доираи инсонӣ берун рафта, бо фатвоҳои худ мардумро ба дузаху биҳишт мебурданд. Гӯё калиди биҳишт дар дасти онҳо бошад. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки то ҳол ин тоифа руҳониён дар ҷомеа обруву нуфӯз доранд, бологузар ҳастанд. Шояд мардум чунин муаррифии динро қабул дорад, ҳарчанд суханони ин ашхос ҳанӯз ҳақиқати дин нест.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло мисолҳо зиёданд. Аз ҷумла, “Агар Наврӯзро касе ҷашн гирад ва ба хотири ин рӯзи хос туҳфа тақдим кунад, мушрик мешавад. Касе иди 8-Мартро (Рӯзи Модар) ба хотири озодии занон гуфта таҷлил кунад, гунаҳкор мешавад” ва ғайра.  Ин суханонро руҳониён  зиёда аз 20 сол пеш гуфтаанд. Аммо ҳар сол пеш аз фаро расидани ин ҷашнҳо давр задани ин сабтҳо дар фазои маҷозӣ  даҳҳо маротиба зиёд мешавад.  Иддае то ҳол дарк накардаанд,  ки ин суханон ҳатто дар ҳамон замон боиси нофаҳмиҳо гашта буданд ва мавриди қабул ҳам набуданд. Зеро таҷлили аксарияти ҷашнҳои номбурда  як масъалаи рӯзмарраи ҳаётӣ буда, ба меҳвари имон ва дин онро ягон кас пайванд накардааст. Дар ҷомеаи мо он бештар хусусияти  маросимӣ-анъанавӣ дорад, на имонӣ. Анъана ва маросими мардум ҳанӯз дин нестанд ва аз доираи баҳси дин куллан берун ҳастанд. Руҳониён ин масъаларо ба дин ба хотири муаррифии худ ҳамчун ҳомиёни дин пайваст мекунанд.

Дар рӯзгори мардуми  араб садҳо урфу анъанаи қабл аз ислом боқӣ мондааст ва он масъалаи баҳс ҳам нест. Таҷлили рӯзи шутурдавонӣ бо талоқ, чӣ пайвандӣ дорад, дар ҳоле ки шарти талоқро дин муайян кардааст! Араб то ҳол онро ҳамчун маросим таҷлил мекунад. Дар ҳоле, ки шариат байни урф ва талоқ ягон пайванди ақидавӣ васл накардааст. Агар онро ҳамчун масъалаи эътиқодӣ мулло ҳукм кардааст, ин фаҳмиши шахсии худаш аст, дар ҳоле, ки дар дини ислом ҳеҷ  кас  қудрати муайян кардану салоҳияти назорати имондории дигаронро  надорад. Мардум  аксаран ба ҷашнҳо  на аз рӯи эътиқод ва имон муносибат доранд, вале мулло дар дили мардум даромада дидааст, ки амал аз рӯи эътиқод будааст, пас мардуми мусулмон бисёрхудову бутпараст, хонааш ҳаром аст. Ҳоло он ки дил макони имон ва ҳарами муллоҳо набуд ва буда ҳам наметавонад. Чунин усули баён боиси барангехтани кинаву адовати динӣ дар ҷомеа гардида, ба барангехтани кинаву адовати динӣ сабаб мешавад ва оқибат ба ифрот мебарад, ки дар ниҳоят ҷиноят аст.

Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда,  барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ талоши зиёд менамояд. Аммо он маърӯзаҳое, ки руҳониёни мо дар солҳои пеш вобаста ва ҷашнҳои миллии тоҷикон мегуфтанд ва ҳатто ҳукм мекарданд, метавонанд, дар ташаккули тафаккури насли ҷавон як дидгоҳи бадбинӣ нисбат ба ин арзишҳои миллӣ заминагузорӣ намояд. Онҳое, ки ин маводро паҳн менамоянд,  сабабгори аслии барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ё динӣ мегарданд. Аз ин рӯ,  ҷавонони имрӯзаро зарур аст, ки моҳияти ин суханҳоро хуб дарк карда тавонанд, то ин гуна маводи дорои хусусияти ифротиро такроран дар фазои маҷозӣ пахш нанамоянд. Дар сурати паҳн намудани чунин мавод ин амал боиси поймол намудани моддаҳои 1, 8, 14, 18 ва 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди татбиқи  қонунҳои дигари амалкунанда дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо паҳн кардани ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардад.

Имрӯзҳо суханрониҳои руҳониёни ифротии афғонтабор,  ҳарчанд баъзеи онҳо кушта шуда бошанд ҳам, аз қабили Абдуззоҳири Доӣ,  Абуубайдуллоҳи Мутаваккил, Муҷибурраҳмони Ансорӣ, Муслимёр ва аз арабҳо (Албонӣ, Усаймин,) дигарон дар фазои маҷозии мо давр мезананд. Онҳое, ки суханронии ин тоифаро дар фазои маҷозӣ паҳн мекунанд, бевосита поягузор ва паҳнкунандаи андешаҳои экстремистӣ дар ҷомеа мегарданд ва бояд бидонанд,  ки паҳн кардани чунин маводи дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ҷиноят аст. Шаҳрвандро ҳам аз рӯи мансубияташ ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳам барои  мусоидат ва паҳн кардани онҳо ҷазо медиҳанд.

Айни ҳол бештар суханрониҳои Муҷибурраҳмон Ансорӣ,  Абуубайдуллоҳи Мутаваккил ва Абдуззоҳири Доӣ дар фазои иттилоотии мо  паҳн мешаванд, аксаран дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ мебошанд.  Шаҳрвандони азизи мо инро бояд хуб дарк кунанд, ки ин тоифа ин суханҳояшонро дар кадом замон ва дар кадом макон гуфтаанд. Ин суханрониҳо дар муҳити бесарусомонии Афғонистон сабт шудаанд ва то ҳол вазъи ин кишвар ба ҳамагон маълум  аст.

Андешаҳои ифротии ин мубаллиғон сабаби қатлу куштори ҳазорон мусулмон дар кишварҳои мусулмоннишин гардида истодааст. Аз ҷиҳод ҳарф мезананд, вале ҷиҳод алайҳи як мусулмони дигар. Ҳазорон мусулмон дар Сурия ва Ироқ бо як ҳукми чунин мубаллиғони ифротгаро ба қатл расиданд. Вале боре ҳам ин воизон дасти як бенавои афғонро нагирифтаанд.

Тоҷикистон низоми давлати дунявиро интихоб кардааст. Истифодабарандаи фазои маҷозӣ бояд бидонад,  ки низоми Тоҷикистон демократӣ ва дунявӣ аст ва ба худи ислом ҳамчун дин ва эътиқоди мардум ҳеҷ тазод ва ё зиддияте надорад. Дар низоми давлати демократӣ пайравони тамоми динҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият доранд ва ҳеҷ кас ҳуқуқи поймол кардани ҳуқуқи шаҳрванди дигарро надорад. Дар ҳоле, ки мубаллиғоне мисли Абдуззоҳир Доӣ ва  Абуубайдуллоҳи Мутаваккил низоми демократиро куфр хонда, чунин мегӯянд: “Димукросӣ куфр аст”.  Абдуззоҳири Доӣ бошад,  калимаи шаҳодатро бо ғаразҳои сиёсии худ шарҳ дода, тамоми низомҳои ғайриисломиро куфр эълон менамояд.  Ҳоло он ки худи ӯ сураи “Шуро”-ро медонад ва ҳамин сура поягузори ҳамагуна низоми дар асоси шӯро таъсисёфтаро аз нигоҳи шариат ҳукми қонунӣ мебахшад. Вале то ҳол ягон бор ин оятро зикр накардааст. Усули аҷиб! Ҳатто Қуръони каримро бо назардошти манфиатҳои дунявӣ тақсимбандӣ ва мавриди истифода қарор медиҳанд.

Инчунин дигар руҳониёни афғонтабору араб аз минбарҳое, ки дар ихтиёрашон қарор додаанд,  мардумро ба сафи ҷанг бо номи ҷиҳод даъват мекунанд. Ин даъват мазмуни тарафдорӣ, мусоидат ва тарғиби таълимоти дорои хусусияти ифротгароии ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои экстремистӣ-террористиро дорад, ки дақиқан ҷиноят аст. Ҳар видеонаворе,  ки дар онҳо хусусияти даъват ба амалҳои экстремистӣ-террористӣ ва ё пайваст шудан ба сафи созмону ташкилотҳои террористӣ дида мешавад ва нафаре,  ки онро дар шабакаҳои иҷтимоии фазои Тоҷикистон паҳн мекунад,  аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҷиноят содир мекунанд.

Ҷавонони имрӯза бояд зирак ва доно бошанд, то ҳаёти осудаву ороми худ ва ҷомеаро  халалдор насозанд. Дар бораи муноқишаҳои диние,  ки дар кишварҳои мусалмонӣ ба амал меоянд, ба ҷуз мусалмон каси дигар кушта намешавад. Дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳазорон мусулмон бе хонумон, овараву беному нишон шуданд. Ин натиҷаи даъвати ин мубаллиғони ифротӣ аст. Ин мубаллиғони ифротӣ бе ягон асос ва далел имрӯз як мусулмонро кофир эълон мекунанд, мекушанд ва боз иддао доранд хизмат дар дин карданд.

Инчунин имрӯзҳо баъзеҳо дониставу надониста, ба истилоҳ қасидаҳоеро, ки бо забони арабӣ  хонда мешаванд, ҳангоми иҷрои ин ё он амалиёти ҷангӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Нашидҳо ҳам чанд навъ доранд. Мазмуни қисмате аз қасидаҳо хусусияти тарбиявӣ, ибодатӣ, ахлоқӣ, динӣ, васфи неъмати дунёро доранд. Вале баъзеи дигарашон аз рӯи мазмуну моҳияташ ғояҳои сиёсиву идеологии ин ё он  ҳизбу ҳаракат ва ё созмону ташкилотҳои экстремистӣ-террористиро тарғиб доранд. Паҳн кардани онҳо маънои мансубият ва даъват барои пайвастан ба  ҳамон ҳизбу ҳаракатро дорад. Барои мисол, имрӯзҳо дар саҳифаҳои мубаллиғони созмони террористии “Давлати исломӣ” қасида бо номи “Давлати-л-исломӣ қомат бидимои-л-муслимин” дар фазои маҷозии мо давр мезанад. Гумон мекунем, баъзе аз ҳамон ҷавононе, ки ҳамин қасидаро паҳн мекунанд ҳатто ба  моҳияти он сарфаҳм намераванд. Аммо бояд донист, ки надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Хуб мешуд, ҳар маводеро,  ки моҳияти онро намедонанд дар фазои иҷтимоӣ нагузоранд ва ё вориди ин баҳсҳо нагарданд.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст,  ин тарғиби андешаҳои ифротӣ-террористӣ аз ҷониби худи тоҷиконе,  ки дар берун аз Тоҷикистон қарор доранд, мебошанд. Ин тоифаи аз ҳақиқати инсонӣ дур мехоҳанд миллату давлати тоҷикро дар вартаи муноқишаҳои  навбатӣ андозанд. Ба ин гурӯҳҳо суханрониҳои дорои мазмуну моҳияти  экстремистию  террористидоштаи аъзо ва пайравони Ташкилоти террористию экстремистии мамнуъи “Ҳизби наҳзати ислом” ва  маводҳои канали ютубии онҳо  дахл доранд, ки дар фазои маҷозӣ бо ғаразҳои разилонаю нопок  давр занонда мешаванд.

Як теъдоди дигар чеҳраҳои аслии худро нишон намедиҳанд, аммо пайваста ба таҳқиру такфир машғул шуда, мардумро ба пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ даъват мекунанд.

Ҷавонон бояд бидонанд, ки тасдиқ ва паҳн намудани маводи ин тоифа ва ба ҳамин монанд дар фазои маҷозии Тоҷикистон ҷиноят ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ин чеҳраҳои ин палидони ватанфурӯш барои мардум ҳамчун террористу хоин шинос аст, аммо боз пайдо мешаванд нафароне, ки  суханҳои бемазмуну аблаҳонаи  онҳоро дониставу надониста паҳн менамоянд ва бо ин амалашон худро ба кӯчаи ҷиноят мебаранд.

Бояд таъкид намуд, ки паси сохтани ин барномаҳо, таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ манфиати қудратҳо нуҳуфта аст ва таблиғи ин андешаҳо танҳо дар “осиёби онҳо об рехтан” аст. То ҳол ягон ҳизбу ҳаракати экстремистӣ дар ягон кишвари мусулмонӣ ягон ободӣ ва созандагӣ наовардааст. Пеш аз ин ки як маводро мехонед ва ё паҳн кардани мешавед, аввал онро бодиққат хонед ва фикр кунед оё ин кор зарур аст ё не!

Сониян фикр кунед, ки тарғиби он ба шумо чӣ медиҳад, вале яқин донистан шарт  аст, ки   оқибати ин амалҳо  маҳбас мебошад.

Саввум, агар ягон ҷавони дигари дониши динӣ надошта ҳамин маводи шуморо қабул намояду аз рӯи он амал кунад ва ба ҳар бадбахтие, ки рӯ ба рӯ мешавад ва ё гирифтор мешавад, шумо ҳам дар ин мусибат гунаҳкоред ва фардо дар назди қонун аз ин амали худ ҷавоб медиҳед.

Имрӯз, ки барои ҳар як ҷавони тоҷик майдони васеи амал баҳри ободкориҳо ба хотири ояндаи амну осоиштагии мамлакат ва имконоти илмомӯзӣ  муҳайё мебошад, ва  зарур аст, ки ин имконотро танҳо ба ҳамин ҳадафҳо истифода намоянд- яъне ҳадафи илмомӯзию мусоидат ба рушду тараққиёти мамлакат ва таҳкими истиқлолияту оромии Тоҷикистони азиз. Танҳо бо дарки воқеият ва бардошти солим бояд қадами устувор гузошт. Ба қавли Мавлоно Ҷомӣ:

Суханҳои доно, ки неку бувад,
Барад баҳра ҳар кас, ки бо ӯ бувад.

Маҳрамбек Маҳрамбеков,
котиби илмии Маркази диншиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҳтам Рамазониён,
сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази диншиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз