ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ- МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Сайёҳон бештар ба тамошои он мароқ зоҳир менамоянд

Ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, ки барои солҳои гуногун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати фарҳанги вилоят ва дигар муассисаву идораҳои дахлдор барномаҳои махсуси корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар хусуси «Омӯзиш, тарғибу ташвиқ, ҳифз ва эҳёи фарҳанги моддию маънавӣ давоми солҳои 2012-2020» таҳия намудаанд.  Дар натиҷа корҳои зиёд дар ин самт анҷом дода шуд. Якчанд ёдгории муҳими таърихӣ таъмиру тармим гардид. Айни ҳол  10 ёдгории дигар дар ҳолати барқароркунӣ ва тармим қарор дорад. Чунин иброз дошт мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии  ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоинбеков дар арафаи  Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ (18 апрел) ба АМИТ «Ховар».

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳо ва суханрониҳои хеш таъкид мекунанд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ҳифзу эҳё кунем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз бо дастурҳои Пешвои миллат аз тарафи Ҳукумати мамлакат  якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид. Аз ҷумла,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» қабул гардид. Ҳамзамон барои идома додани ин барнома боз барномаи нави ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 ба тасвиб расид.

Бояд гуфт,  ки дар вилоят ёдгориҳои зиёди таърихие ба мерос мондаанд, ки як қисми онҳо аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд. Масалан, нишонаҳои маданияти археологии Маркансуйи давраи асри санги Помир дар нуқтаи баландтарини дунё (4 200 метр аз сатҳи баҳр) ёфт шуданд. Дар як худи бошишгоҳи Ошхона, ки  таърихаш ба 10 ҳазор сол рост меояд, зиёда аз 10 ҳазор ёдгории давраи эпипалеолитӣ ва неолитӣ ёфт гардид. Тасвирҳои рӯйи санги ғори Шахта қадимтарин тасвирҳои рӯйи санг (мансуб ба давраи мезолит- ибтидои неолит- 8-5 ҳазорсолаи то мелодӣ) дар баландтарин нуқтаи дунё (4, 200 метр аз сатҳи баҳр) ба шумор меравад. Дар яке аз баландтарин нуқтаи дунё-  Помири Шарқӣ (Мурғоб), ки иқлимаш хеле сард аст, дар зиёда аз 60 мавзеъ нишонаҳои одамони қадимтарин ёфт шудааст. Петроглифҳои Вибистдараи ноҳияи  Шуғнон яке аз силсиланигористонҳои (галерияи) муҳими таърихӣ ба шумор мераванд.   Шаҳраки Карон, қалъаҳои Каҳ-Қаҳа, Ямчун ва Зулҳашам қалъаҳои калонтарин дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Қалъаҳои Роҳи абрешим дар Помир, аз қабили Абрешимқалъа ва дигар қалъаҳо низ аҳамияти хоссаи таърихӣ доранд. Зиёратгоҳҳои зиёди асримиёнагӣ, ғорҳою паноҳгоҳҳо, дайри буддоӣ, ёдгориҳои эпиграфӣ, ёдгориҳои калиграфӣ ва ғайра бо хусусияти хосаш дар тамоми гӯшаву канори вилоят зиёданд. Ин ёдгориҳои беҳамто барои ҷалби сайёҳон ва рушди туризм хеле муҳиманд.

“Дар  Раёсати фарҳанги вилоят алҳол 647 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла 57-то дар Дарвоз, 28-то дар Ванҷ, 86 адад дар Рӯшон, 92-то дар Шуғнон, 67 адад  дар Роштқалъа, 103–то дар Ишкошим, 200 адад дар Мурғоб ва 14-то дар Хоруғ номнавис карда шуда, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мураттаб сохтани «Феҳристи ёдгориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.  Вале бояд гуфт, ки ин рӯйхат аниқу дақиқ шуда наметавонад, зеро  ҷустуҷӯ ва тадқиқоти солҳои охир шаҳодат медиҳад, ки теъдоди ин ёдгориҳо аз ин ҳам зиёдтар аст. То ҳол таснифу таҳқиқ нашудааст, ки ин ёдгориҳо дар кадом шаклу намуд боқӣ мондаанд”,-мегӯяд Аловиддин Шоинбеков.

Қалъаи Боғев

Ин қалъа арзиши баланди таърихӣ дорад — дар дохили он оташкадаҳое ҳаст, ки қадимтар будани онро нишон медиҳад. Ин қалъа бо маҷмуи ёдгориҳои таърихиаш- оташкадаҳо, остон, корвонсарой, қалъаи Истанбул ва ғайра, ки бо таърихи якчанд мавзеи дигари таърихӣ робитаи қавӣ дорад, дар ноҳияи Шуғнон ягона маҷмуаи ёдгории  таърихӣ ба шумор меравад. Инчунин  ин қалъа бо таърихи Роҳи бузурги абрешим робита дошта, яке аз қалъаҳои муҳими муҳофизатӣ, назоратӣ ва стратегӣ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки дар тамоми ҳудуди вилоят оташкадаҳои Боғев ягона оташкадаҳое мебошанд, ки қисман боқӣ мондаанд ва онҳо хусусияти хоси худро дошта, аз дигар оташкадаҳои Помиру берун аз он фарқ доранд ва шояд ягона бошанд. Вале ин маҷмааи ёдгориҳо низ дар ҳолати харобшавӣ қарор дорад.

Ёдгориҳои археологии Южбок

Қабрҳои саккоӣ дар Южбок (аниқтараш Юрхбуқ-Теппаи хирс) қадимтарин ва ягона нишонаи давраи асри биринҷ дар Помири Ғарбӣ  ба шумор мераванд.   Юрхбуқ теппаи баланди кӯҳиест, ки дар назди қалъаи Деруж (Ҷирӯҷ) аз тарафи соҳили  рости дарёи Шохдара ҷойгир аст.   Дар ин мавзеъ хоктеппаҳои зиёди доирашаклу чоркунҷашакл, ки диаметр ё дарозиашон аз 10 то 15 метр аст, боқӣ мондаанд. Дар ин чор қисми қабристон бостоншиносон 70 қабр (қӯрғон)-ро ба қайд гирифта, 37-тои онро кофтаанд ва дар умум аз дохили қабрҳои Юрхбуқ 8 намуд асбоби рӯзгору ороиш бо теъдоди 67 дона ёфта шудааст. Бостоншиносон ин бозёфтҳоро ба охири ҳазорсолаи I то замони мо ва ҳазорсолаи I — давраи мо мутааллиқ мешуморанд.

Симошиносон (антропологҳо) муайян кардаанд, ки дафншудагони Юрхбуқ  шаклан «долихокранн»-у «лептодолихоморфно»-и аврупоӣ  буда, чунин намуди одамҳо қадимтарин зироаткорон дар ҳудуди Эрон, Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба шумор мераванд. Барои ҳамин аз рӯи тадқиқи хоктеппаҳои Юрхбуқ мо на фақат дар оянда таърихи пайдоиши (этногенезия)-и халқияти Помир, балки алоқаи таърихии онҳоро бо маданияти қадими халқҳои дигари Осиёи Марказӣ муайян карда метавонем.

Дар назди қабрҳои Юрхбуқ қалъаи Ҷирӯҷ (Ҷавшангоз) ҷойгир шудааст.  Қалъа дар майдончаи болои  теппаи сангин сохта шудааст. Масоҳати он 600 метри мураббаъ буда, андозаи манораҳои он ба ҳисоби миёна   2,5х3м мебошад. Аз тарафи дарё қалъа дастнорас аст. Паҳноии  девори қалъа 60- 65 см  буда, аз сангҳои калон сохта шудааст. Қисми дигари он аз тарафи ғарбӣ бо хиштҳои гилин бо андозаи 30-33х24х9-10 см, 46х24х9-10 см сохта шудааст. Ҳоло ду манораи росткунҷа ва қисман манораи сеюм аз тарафи ҷануби ғарбӣ дар назди ҷарӣ боқӣ мондааст. Аҳамият ва арзиши баланди қалъаи Ҷирӯҷ дар он аст, ки вай яке аз қалъаҳои муҳофизати сарҳадии давраи Кушониён ва ибтидои асримиёнагӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин вай яке аз қалъаҳоест, ки дар Роҳи бузурги абрешим боқӣ мондааст.

Ёдгориҳои таърихии ноҳияи Шуғнон ба ҳифзу эҳё ниёз доранд

Дар фарҷом ҳамсуҳбати мо баён дошт, ки  ҳоло ин ёдгориҳои муҳими таърихӣ- Боғеви ноҳияи Шуғнон, ёдгориҳои археологии Южбоку қалъаи Ҷирӯҷи ноҳияи Роштқалъа таъҷилан ба ҳифзу эҳё ниёз доранд. Аксарияти ёдгориҳои  таърихии вилоят дар ҳолати харобшавӣ қарор дошта, онҳо бояд аз нав эҳё гарданд, ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор гиранд ва ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шаванд, зеро онҳо мероси ғании ниёгонамон ҳастанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз