Шанбегӣ:  МДТ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Ҳифз  намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ аз одамон вобастагии калон дорад. Ба ҳамин хотир, бахшида ба  солгарди ба фаъолият оғоз намудани  МДТ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  бо иштироки Раёсат ва кормандони муассиса шанбегӣ  баргузор  гардид.

Кормандони муассиса  бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ  барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда,  тозаву  озода  намудани  гузаргоӽӽои  дохил  ва  гирду атрофи  телевизион, нарм намудани заминӽо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва боз ҳам зеботар намудани муассисаи мазкур пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади истифодаи иқтидорҳои воқеии сайёҳӣ ва рушди он ва дар ин замина муаррифӣ намудани табиати зебоманзари кишвар, таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва эҳёву ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ 1-уми апрели соли 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар фазои иттилоотии мамлакат фаъолияти худро оғоз намуд.

Дар қадами аввал пахши барномаҳои телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо фарогири мавҷи ноқилӣ дар ҳаҷми 16 соат пешкаши тамошобинон карда мешуд. Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ин ҷониб шабака тавассути моҳвораи “АЛ ЯҲ” пахш гардида, бинандагон метавонанд барномаҳои ҷолибу дидании ин шабакаро дар сартосари кишвар ва берун аз он тамошо намоянд. Қобили зикр аст, ки телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи Оиномаи муассиса барномаҳои худро бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ пахш менамояд.

Огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, ҷалби васеъи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат рисолати асосии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дониста мешавад ва баҳри иҷрои ин амал кормандони ин муассиса ҳамвора талош менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи  нақшаи  тасдиқ  намудаи  раёсати  телевизоион, бо супориши  роҳбари муассиса мунтазам бо иштироки кормандон   шанбегиҳо гузаронида мешаванд.