«САД РАНГИ ЧАКАН». Аз баргузории ин озмун дар шаҳри Бохтар суратгузориши АМИТ «Ховар» пешниҳод мегардад

7 апрел дар шаҳри Бохтар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон- «Чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии арзишҳои фарҳангии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид гардид.

Ҳамасола баргузор намудани озмуни «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» моҳи май ҷамъбаст карда мешавад.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз баргузории даври шаҳрии ин озмун дар шаҳри Бохтар пешниҳод мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон