Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон мераванд

13 апрел дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро бо таваҷҷуҳ ба раванди омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки даҳаи аввали моҳи майи соли 2023 пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон