Моҳи июл Хоруғ мизбони Конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегардад

Моҳи июли соли равон дар шаҳри Хоруғ дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон)» Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар робита ба ин 17 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба баргузории конференсияи мазкур доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Кумитаи тадорукот масъалаҳои дар сатҳи баланди ташкилию мазмунӣ гузаронидани конференсияро, ки 20  июли соли 2023 дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрати калон пайдо кардааст. Мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, аз қабили кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир ба рушди сайёҳии минтақа мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб шуда, бо назардошти  муҳимияти соҳа  ва дорои захираҳои бойи туристӣ будани мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои охир барои рушду пешрафти ин соҳа тадбирҳои  муассир меандешад.

АКС аз манбаъҳои боз