«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Ин филм дар маконҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ба навор гирифта мешавад

19 апрел гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таҳияи филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо мақсади интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон тӯли се рӯз аз маконҳои таърихию сайёҳии мамлакат, аз ҷумла масҷиди Ҳазрати Мавлоно, Кохи Наврӯз, Қалъаи Ҳисор ва манзараҳои дилфиреби шаҳри Норак дидан намуда, маконҳои мувофиқро барои наворбардории саҳнаҳои филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» интихоб менамоянд.

Гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Узбекистон ҳамзамон аз павилионҳо, толори Мактаби кинематографистони ҷавони муассисаи «Тоҷикфилм»  ва кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров боздид ба амал оварданд.

Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба  навор гирифта  мешавад.

АКС: «Тоҷикфилм»