Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ намояндагӣ ифтитоҳ менамояд

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии сайёҳии «Kayan Group Co»- и Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.

Санади ҳамкориро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва раиси Шӯрои директорони ширкати байналмилалии сайёҳии «Kayan Group Co»- и Арабистони Саудӣ Шайх Туркӣ ал-Сайлонӣ ба имзо расониданд.

Ҳамзамон зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаи мубрами омодасозии кадрҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ баррасӣ гардид.

Раиси Шӯрои директорони ширкати байналмилалии сайёҳии «Kayan Group Co»- и Арабистони Саудӣ оид ба зарфият ва имконияти сайёҳии Арабистони Саудӣ иттилоъ дода, доир ба норасоии кадрҳо дар ин соҳа ибрози назар намуд. Мавсуф бо назардошти шароити муосири омодасозии кадрҳо, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ пешниҳод намуд, ки теъдоди муайяни довталабон аз Арабистони Саудӣ ба таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаро гирифта шаванд.

Ҳамзамон мавсуф ҷиҳати таъсиси Марказ ва ё намояндагии Донишгоҳ дар Арабистони Саудӣ пешниҳод манзур намуд. Дар баробари ин, меҳмонон омодагии худро ҷиҳати ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтани теъдоди муайяни донишҷӯён (70 нафар) дар меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Арабистони Саудӣ баён доштанд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ омодасозии кадрҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондориро муҳим арзёбӣ намуда, аз ҳадафҳои стратегии донишгоҳ дар ин самт ёдовар шуд.

Мавсуф иброз намуд, ки яке аз ҳадафҳои муҳим дар ин самт- омодасозии кадрҳо на танҳо барои мамлакати алоҳида, балки барои доираи васеи кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Раиси Шӯрои директорони ширкати байналмилалии сайёҳии «Kayan Group Co»- и Арабистони Саудӣ бо ҳайати ҳамроҳонаш бо пойгоҳи муосири таълимӣ ва озмоишгоҳии омодасозии кадрҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид.

Меҳмонон ба пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таълим ва сатҳу сифати омодасозии кадрҳо дар Донишгоҳ баҳои баланд дода, ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории муштарак барои омодасозии кадрҳо баён доштанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон