Доир ба тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мулоқоти маҷозӣ доир шуд

13 апрел мулоқоти коршиносону мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба лоиҳаҳои ҷорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ дар шакли маҷозӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Мақсад аз баргузории мулоқоти мазкур аз таҳлил ва баррасии корҳои вобаста ба тармим, барқарорсозӣ ва анҷом додани корҳои дизайнӣ- ландшафтӣ дар ёдгориҳои таърихию фарҳангии «Ҳулбук — пойтахти Хутали қадим» (ноҳияи Восеъ), «Хоҷа Машҳад»  (ноҳияи Шаҳритус), «Қалъаи Ямчун» (ноҳияи Ишкошим) ва ёдгории табиию фарҳангии «Чилучорчашма» (ноҳияи Н. Хусрав) иборат буд, ки бо ҷалби маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия иштирок ва сухан  намуданд.

Бояд гуфт, ки корҳои лоиҳакашӣ ва дизайнии ёдгориҳои мазкур аз ҷониби ширкати итолиявӣ ва коршиносони Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) анҷом ёфтааст.

Иштирокчиёни мулоқот ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ пешбурди корҳоро мусбат арзёбӣ карда, оид ба идомаи корҳои тармим, барқарорсозӣ ва дизайни ландшафтӣ ибрози назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо  қарори ЮНЕСКО шуруъ  аз  соли 1984 ҳамасола 18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон