Дар Душанбе тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд

Имрӯз дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе пиру барно баҳри таҷлили Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, ҷамъ омадаанд. Сокинону меҳмонони пойтахт имрӯз дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе дар базмҳои идона, нишасту ҷамъомад ва дигар барномаҳои фарҳангию варзишӣ иштирок доранд.

Инчунин имрӯз дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои гуногун дар васфи пойтахт насб карда шудаанд, ки шукуҳу шаҳомати ин ҷашнро бозгӯӣ менамоянд.

Тантанаҳои идона аз дурбини АМИТ «Ховар» пешниҳод мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»