Дар Берлин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ шуд

28-29 март бо ибтикори муштараки Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ ва Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон конфронси байналмилалии сатҳи баланди «9-умин муколамаи Берлин-2023 оид ба гузариши энергетикӣ» баргузор гардид, ки дар он ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш вазирон, ҳайатҳои сатҳи баланди беш аз 90 кишвари ҷаҳон, намояндагони бахши соҳибкорӣ, ширкатҳои бонуфузи истеҳсолкунандаи неруи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва неруи таҷдидпазир, ҳамчунин муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳудуди 2000 иштироккунанда таҳти шиори “Гузариши энергетикӣ — таъмини ояндаи сабз” дар шаҳри Берлин ба ҳам ҷамъ омаданд.

Давоми ду рӯз ҳайатҳо дар атрофи стратегияҳои табдили оқилонаи системаҳои энергетикии ҷаҳонӣ ба бетарафии иқлим, гузариш ба неруи «сабз» ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим мулоқот ва табодули андеша намуданд.

Дар доираи Муколамаи Берлин вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мухталиф ва оҷонсиву ширкатҳои фаъолияташон ба самти неруи таҷдидпазир равонагардида доир шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатонро ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо, ҳамчунин Конфронси таърихии оби СММ-2023 дар Ню-Йорк бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон