Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории Ҳайдаробод дидан намуд

Масъалаҳои марбут ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, инчунин ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии муштараки олимону муҳаққиқон имрӯз дар шаҳри Ҳайдаробод байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории Ҳиндустон баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мулоқоти намояндагони донишгоҳҳо дар доираи Конфронси IV муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор, ки 2-4 март дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мегардад, доир гардид.

Дар идомаи гуфтушунид ҷонибҳо вобаста ба масоили табодули академӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ҳавасмандии хешро доир ба саҳмгузорӣ дар рушди устувори сайёҳӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт иброз доштанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон