Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Имрӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин пешбинӣ шудааст.

Худи ҳамин рӯз Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия бо арзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллат тоҷик дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ   гулчанбар мегузарад.

Ҳамзамон Михаил Мишустин аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин боздид карда, дар Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия иштирок менамояд.

3 март дар шаҳри Душанбе музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия дар назар аст.

АКС аз манбаъҳои боз