Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии «Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар» дар доираи Конфронси оби СММ-2023 иштирок ва аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ боздид карданд

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023 дар чорабинии “Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар” иштирок карданд.

Ба муносибати баргузории конференсияи таърихии СММ-ОБ 2023 дар даромадгоҳи бинои асосии қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк намоишгоҳи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ташкил карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр ба макони баргузории намоишгоҳи марбут ба об ташриф оварда, онро расман ифтитоҳ намуданд.

Намоишгоҳ ба таври рамзӣ ҳамчун гузаргоҳ — нақби пушида ташкил гардида, ба пуррагӣ мавзуи об ва ободиро таҷассум менамуд.

Бо даъвати шаҳрванди Австралия хонум Мина Гули, ки чанде пеш ба ифтихори ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дави байналмилалӣ анҷом дода буд, сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Нидерланд дарҳои рамзии намоишгоҳро расман боз намуда, вориди он шуданд.

Дар намоишгоҳ доир ба аксу ангораҳои ифодагари муҳиммияти об дар таъмини рушди устувор ва ҳаёт дар сайёра ба сарони давлатҳо маълумоти муфассал дода шуд.

Баъди берун шудан аз нақб-намоишгоҳи рамзии об Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа ва хонум Мина Гули акси хотиравӣ гирифтанд.

Пас аз тамошои намоишгоҳи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023 ва чорабинии “Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Сарони давлатҳо дар намоишгоҳ бо маҳсули дасти ҳунармандони хушзавқу хушсалиқаи тоҷик, аз ҷумла намоиши сару либоси миллӣ, ҳунари кандакорӣ дар чуб, оҳангарӣ, нонҳои хуштамъ, санъати рассомӣ, асбобҳои мусиқӣ, расму мусаввараҳо аз мавзеъҳои зебову нотакрори кишвар ва маҳсулоти аз сангҳои қимматбаҳои Ватан омодагардида шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар кишвар ба масъалаи рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.

Ҳамаи ашёҳои дар намоишгоҳ гузошташуда бозгӯйи фарҳангу тамаддуни ғанӣ буда, аз ҳунармандӣ, бунёдкорию ободгарӣ ва меҳнатдӯстии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад.

Ҳунармандону устоҳои чирадаст бо истеҳсоли маҳсулоти гуногун касби пурифтихор ва анъанаи неки ниёгонамонро идома дода, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳон хизмати шоиста менамоянд.

Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр ва дигар иштирокчиёни Конфрони оби СММ-2023 аз тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон таассуроти нек бардоштанд.

Пас аз анҷоми намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар доираи чорабинии “Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар” барномаи ҳунарии идонаи наврӯзии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр, дигар намояндагони расмии давлатҳои аъзои СММ ва меҳмонони Конфронси оби СММ-2023 иштирок намуданд.

Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни чорабинии идонаро ба муносибати ҷашни зебои баҳор — Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таърихи ин ҷашни хусравонӣ ва бостонӣ андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ба шарофати шомил гардидан ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ва аз соли 2010 бар асоси қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад.

Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили ин ҷашн аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳуввияти тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи он ба ҳисоб меравад.

“Наврӯз айёми тавозуни рӯзу шаб буда, баробари эҳёи куллии табиат ба инсон рӯҳу равони тоза мебахшад, ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад” изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Басо рамзист, ки аз соли 1993 ба ин сӯ дар рӯзи дуюми Наврӯз, яъне 22 март ҷомеаи байналмилалӣ Рӯзи ҷаҳонии обро таҷлил менамояд.

Қобили таъкид аст, ки мушкилоти вобаста ба об имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии рушд табдил ёфтааст. Маҳз бо дарназардошти ин ҳолат, дар санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки солҳои охир қабул гардидаанд, маҷмӯи масоили марбут ба об ҷойгоҳи хосса дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Мо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи пешниҳод ва ибтикороти Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани санаи 21 март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳоро дар раванди ҳалли ин мушкилот бисёр муҳим медонем”.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи анъанаҳои созанда ва арзишҳои безаволи Наврӯз бо нерӯи тоза ва нақшаҳои созанда дар роҳи татбиқи Даҳсолаи “Об — барои рушди устувор” ва дигар ҳадафҳои глобалии вобаста ба об саъю кушиш ба харҷ дода, ҳамкориро ба хотири истифодаи оқилонаи захираҳои об, дигар сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист густариш хоҳанд бахшид.

Пас аз анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии “Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар” барномаи консертии идонаи наврӯзии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик баргузор гардид.

Иштирок дар чорабинии “Об ва Наврӯз - ду сарчашмаи ҳаёти башар” дар доираи Конфронси оби СММ -2023 ва боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ   22.03.2023