«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Дар доираи ин фестивал имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон муаррифӣ карда шуд

21 март бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.

Дар фестивал намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, ҳунармандони ҷумҳурӣ, коршиносони соҳа, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд ва сокинону меҳмонони пойтахт ширкат доштанд.

Дар доираи фестивал ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имконоти хизматрасонии сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуд.

Сараввал меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи сайёҳию наврӯзӣ дидан намуданд.

Дар маросими ифтитоҳ меҳмонону иштирокчиёни фестивалро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ҳадафи баргузории ин чорабинии пуршукуҳро шарҳ доданд.

Фестивал ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳоне мебошад, ки дар арафаи иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд.

Ҷашни Наврӯз бо хусусияти хоси худ яке аз брендҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.

Мояи фараҳмандист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.

Дар фасли  зебои баҳор, ки табиат эҳё мегардад, мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон оғоз гашта, шумораи зиёди сайёҳон рағбати дидани ватани аҷдодии Наврӯз -Тоҷикистонро доранд.

Имрӯзҳо маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар сарзаминамон дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил мегардад.

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ фестивалу ҷашнҳо, иду анъанаҳо ва намоишу озмунҳо, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ тавассути маводи тарғиботию ташвиқотӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври васеъ тарғибу ташвиқ карда шуда, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин чорабиниҳо ҷалб карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз ҳадафи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ -маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он ба боло бурдани имиҷи мамлакат ҳамчун давлати дорои тамаддуни бойи қадимӣ ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»