Иқдоми нек

Дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷаласаи умумии кормандон ба хотири инъикоси Наврўзи байналмилалӣ, пешниҳоди лавҳаю роликҳо аз лолазорҳои пойтахт ва фестивали “Сайри гули лола” баргузор гардид.

Директори Муассиса Амирзода Дилафрӯз қайд намуд, ки чун самти фаъолияти асосии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» инъкиоси зарфиятҳои сайёҳии мамлакат ба хотири ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон мебошад, бояд Наврӯзро дар ҳама намоишҳо ҳамчун бренди миллӣ ташвиқ кард ва анъанаву суннатҳои онро тарғиб намуд. Намоиши идонаи “Саёҳати наврӯзӣ”, ки дар ҳаҷми 3 соату 18 дақиқа пешниҳод гардид, бо ширкати коршиносон, ҳунармандон ва гузоришҳо аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ сурат гирифт ва ба кори дастандаркорон баҳои баланд дода шуд. Зикр гардид, ки нафарони фаъол ҳатман қардшиносӣ мегардад.

Бо мақсади ба таври оҷил таҳия намудани лавҳаҳо аз лолазорҳои пойтахт дар муддати як рӯз (25.03.2023) озмун эълон гардид.

Дар натиҷа 6 гурӯҳи эҷодӣ тавонистанд дар муддати як рӯз зиёда аз 10 лавҳаҳо аз гӯшаҳои гуногуни пойтахт, боғу майдон ва хиёбонҳо омода кунанд.

Дар натиҷа 3 гурӯҳ барои пешниҳоди оҷилии лавҳаҳо ба мукофотпулӣ сазовор гардиданд: гурӯҳи якум (Давлатов Ҷ., Саидов С., Самадов М.) аз Майдони Дӯстӣ, Боғи Парчами давлатӣ ва Боғи устод Рӯдакӣ, гурӯҳи дуюм (Ғоибов С., Фахриддинов У., Казаков М.) аз Боғи устод Айнӣ, Боғи Ирам  ва Боғи Аҳмади Дониш  ва гурӯҳи сеюм (Ҷумъаев Ҷ., Самиев Ш., Юсуфов Ю.) аз Боғи Алишери Навоӣ, Боғи Куруши Кабир  ва Майдони назди Садбарг лавҳаҳои саривақтӣ пешниҳод намуданд. Чунин иқдомҳо дар оянда низ пайваста аз ҷониби роҳбарияти телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  роҳандозӣ мешавад.