Дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ 5 лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт

5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  амалишавии лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самтҳои идоракунии партовҳои сахти маишӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза, нақлиёт ва тандурустӣ пешниҳод гардид.

Дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.

Дар анҷом иштирокдорони ҷаласа вобаста ба амалишавии масъалаҳои  баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон