Густариши ҳамкории судманд байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатар дар шаҳри Давҳа баррасӣ карда шуд

7 март дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариш додани ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар самтҳои сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои инфрасохтори соҳаи саноат, нақлиёт ва истифодаи иқтидори иқтисодии истифоданашудаи ҳар ду ҷониб, ки дар рушди тиҷорати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну босубот дар минтақа дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имконияти васеъ барои сармоягузорон мебошад ва соҳибкорони қатарӣ ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои иқтисодӣ ҳавасманд мебошанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон