Баъд аз чанд соли таваққуф ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин парвози ҳавопаймо анҷом дода шуд

Баъди чанд соли таваққуф парвози нахустини ҳавопаймо ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ анҷом дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Бо дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 феврал ҳавопаймои L410NG дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ парвози санҷишӣ анҷом дод.

Дар расми қабули парвози нахустин ҳавопаймо роҳбарияти вилоят, шаҳри Хоруғ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳавопаймо истеҳсоли давлати Чехия буда, аз дигар ҳавопаймоҳо бо хусусияти хоси худ ба куллӣ фарқ мекунад. Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо ин ҳавопаймо минбаъд роҳи ҳавоии Хоруғ- Душанбе барқарор гардида, барои рафту омади сокинони вилоят ба шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

Ҳавопаймои L-410NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусияти беҳтаршудаи парвозиву истифода дорад ва бо технологияи пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод.

Ёдовар мешавем, ки 27 феврал ширкати чехии «LET Aircraft Industries» дар ҳамбастагӣ бо Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои L410 NG-ро муаррифӣ намуд.

Дар муаррифӣ намояндагони «LET Aircraft Industries» оид ба имконияти техникии ҳавопаймо ба хабарнигорон маълумот доданд. Баъдан намояндагони расмӣ, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ ва хабарнигорон ба парвози намоишӣ даъват гардида, дар ҷараёни парвоз бо кори ҳавопаймои истеҳсоли Чехия шинос шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон