Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд созишнома ба имзо расид

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд дар оянда ҳамкории худро тақвият мебахшанд. Далели ин ба имзо расидани созишномаи нави ҳамкорӣ байни ду Донишгоҳ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки ин санад дар доираи баргузории Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Дар асоси созишномаи нави ҳамкорӣ дар оянда ду донишгоҳ ҳамкориро дар самти табодули таҷриба, барномаҳои илмиву таҳқиқотӣ, баргузории конфронсу ҳамоишҳо тавсеа бахшида, ҳамчунин таъсиси факултаҳои муштарак дар назар аст.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон