«Georgian Airways» моҳи апрел дар масири Тифлис-Душанбе-Тифлис роҳи ҳавоӣ боз менамояд

«Georgian Airways» — ширкати ҳавопаймоии Гурҷистон аввалин шуда, аз байни давлатҳои минтақаи Қафқоз тасмим гирифтааст аз Гурҷистон ба Тоҷикистон дар масири Тифлис-Душанбе-Тифлис шурӯъ аз моҳи апрели соли 2023 роҳи ҳавоӣ боз намояд. Дар ин хусус имрӯз дар нишасти хабарӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода иттилоъ дод.

Дилшод Сафарзода гуфт, ки нисбат ба ин масъала моҳи феврал ҳайати намояндагони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Гурҷистон гуфтушунид менамоянд.

Ҳамзамон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати мамлакат хабар дод, ки дар оянда байни Тоҷикистон ва Покистон, инчунин Арабистони Саудӣ парвозҳои мустақими ҳавоӣ ташкил карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, 29 декабри соли гузашта нахустин парвози ҳавопаймои ширкати кувайтии «Jazeera Airwaus» дар хатсайри Кувайт-Душанбе-Кувайт ба роҳ монда шуд.

Ширкати кувайтии ҳавопаймоии «Jazeera Airwaus» дар як ҳафта ду парвозро дар масири Кувайт-Душанбе-Кувайт анҷом медиҳад, ки он дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, хусусан дар бахши иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар