ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ “ПЕШХИЗМАТИ БЕҲТАРИН”

Таваҷҷуҳ!

Лоиҳаи нав дар телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади тарғиби кори тарабхонаҳо, таббохону пешхизматон, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ озмуни телевизионии “Рақобат”-ро баргузор менамояд.

Дар озмун пешхизматон аз тарабхонаҳои мухталиф ширкат меварзанд.

Талаботҳои асосӣ барои иштирокчиён:

* Риояи одоби қабулу гусели меҳмон

*  Донистани қоидаҳои хизматрасонӣ

Озмун дар пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, беҳтаринҳо ғолиб дониста мешаванд.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

Шарики лоиҳа Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маълумоти бештарро аз сомонаи телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” www.tvsayohi.tj, саҳифаҳои шабака дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва рақами  телефонҳои 225 20 26, 225 20 46 дастрас намоед.

Пайгири лоиҳаи мо бошед!