Шаҳри Кӯлоб Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2024 пешниҳод гардидааст

Шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО пешниҳод гардидааст. Ин матлаб 14 феврал зимни мулоқоти намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг дар шаҳри Душанбе баён карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Ба иттилои намояндаи ин созмон, пешниҳоди мазкур моҳи май-июни соли равон дар ҷаласаи навбатии ИСЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар мулоқот масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, санъат, осорхона, китобхона, табъу нашр ва дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони ИСЕСКО соли 2022 якчанд ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳони ислом шомил карда шуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаро ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таҷрибавии кормандони соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, омода кардани парвандаҳои номинатсияи ёдгориҳои таърихии тоҷик ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, 15 — 16 феврал дар шаҳри Душанбе бо ҷалби коршиносон ва намояндаи Созмони ИСЕСКО, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ барои кормандони соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ баргузор мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон