Форуми байналмилалии «Помир-Инвест» имкон дод, ки ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳо ба имзо расонида шаванд

Соли 2022 бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помир-Инвест» доир гардид, ки дар натиҷа ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни вилоят ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳо ба имзо расиданд, ки ин бесобиқа мебошад. Ин матлабро роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тазаккур дода шуд, ки то имрӯз дар чаҳорчӯби ин шартномаҳо 12 лоиҳа ба маблағи 160 млн сомонӣ амалӣ гашта, дар 7 лоиҳа ба маблағи 665 млн сомонӣ корҳо идома доранд.

Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ аз рӯи даромадҳои худӣ ба андозаи 107,7 фоиз ва қисми хароҷоти буҷет дар соли ҳисоботӣ ба андозаи 98,4 фоиз таъмин карда шуд. Ҳамаи уҳдадориҳои давлатӣ оид ба сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, нафақа ва дигар намудҳои пардохтҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пурра иҷро гардиданд. Пасандозҳои шаҳрвандон дар филиалҳои бонкҳои вилоят нисбат ба соли 2021 2,2 фоиз афзоиш ёфта, ба 378 миллиону 11 ҳазор сомонӣ баробар гардид.

Ҳамзамон дар заминаи эълон намудани Солҳои рушди саноат (2022-2026) ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ диққати зарурӣ дода шуда, дар вилоят 27 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 223 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Давоми сол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 10 423 ҷойи нави кор таъсис дода шуда, 2306 нафар аз рӯи 40 ихтисос ба касбомӯзӣ ва 435 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар вилоят 150,9 млн сомонӣ ва муомилоти умумии мол ба андозаи 12 фоиз афзоиш ёфт.

Ҷиҳати таъмини минбаъдаи хоҷагии халқи вилоят бо энергияи «сабз» соли 2022 корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 63,8 млн сомонӣ анҷом дода шуда, канали обпарто, зеристгоҳи 110 кВт, хати интиқоли барқи 110 кВт Хоруғ — Себзор бунёд гардид. Талафоти неруи барқ 8,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 0,41 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҷамъоварии маблағ 100 фоизро ташкил медиҳад.

АКС: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон