“ТОҶИКОН” – И АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ – ШИНОСНОМАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ ВА НОДИРТАРИН САРЧАШМАИ МАЪНАВИЮ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР

Шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, муҳимтарин сарчашмаи таърихӣ ва нодиртарин сарчашмаи маънавию ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир мебошад, ки дар он таърихи пайдоиш ва ташаккулёбии халқи тоҷик аз давраи қадимтарин – аввалин ҷомеаи инсонӣ дар Осиёи Марказӣ то ибтидои асри ХХ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Яке аз хусусиятҳои хоси асари мазкур, пеш аз ҳама дар номгузории ин китоб таҷассум мегардад. Бо номи миллат номгузорӣ гардидани асари мазкур, далели ҷасорати муаллиф буда, аз ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ӯ дарак медиҳад.

Рисолати таърихие, ки аллома Б.Ғафуров, дар таълифи асари мазкур иҷро намуд, пеш аз ҳама он аст, ки дар чунин давраи ҳассос, хонандаи тоҷик тавассути ин асар ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард.

Донишманди шаҳир дар паи таълифу таснифи китоби “Тоҷикон”, зиёда аз 30-соли умри хешро сарф намудааст. Дар асари мазкур, дар баробари ҷанбаҳои мухталифи халқи тоҷик дар Хуросону Вароруд ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои дӯстӣ, умумиятҳои фарҳангӣ ва дигар паҳлуҳои зиндагии халқҳои эронӣ ва дигар мардумони Осиёи Марказӣ мавриди пажуҳиш қарор гирифтаанд.

Шоҳасари мазкур бори аввал соли 1972 дар шаҳри Москва ба забони русӣ нашр гардид ва баъди тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ нашриёти “Ирфон”-и Тоҷикистон соли 1983 китоби якум ва соли 1985 китоби дуввумро дар Душанбе ба табъ расонид, ки баъди дастрас гардидани китоб ба хонандаи тоҷик ва омӯзиши ин шиносномаи миллат як инқилоби фикрӣ дар андешаи зиёиён ва донишҷӯёни солҳои 80-уми асри ХХ ба вуҷуд овард.

Дар маҷмуъ ин асар бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Москва шаш маротиба ба табъ расидааст. Ҳамзамон, ин осори арзишманди таърихӣ ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, соли 1977 бо забони ҷопонӣ, соли 1978 бо забони полякӣ ва баъдан бо забонҳои чинию узбекӣ тарҷума ва ба забони дарӣ баргардон шуда нашр гардидааст.

Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим мебошад, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи Тоҷикистони таърихӣ (Осиёи Марказӣ ва Хуросони Бузург) ба шумор меравад. Бо назардошти ин, безаволи асари “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров ҳамчун асари бунёдии таърихӣ барои ташаккули худшиносиву худогоҳии насли ояндасози миллат ва таҳкими хотираи таърихии миллат роҳнамои муҳим мебошад.

Беҳуда, нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри “Тоҷикон”-ро дар даврони Шӯравӣ ҷасорату матонати бузург номида, ба он баҳои баланду ҳаққонӣ медиҳад: “Тоҷикон” воқеан, шиносномаи миллат аст”, қайд намудаанд, Пешвои миллат.

Яке аз хусусиятҳои хоси асари мазкур, пеш аз ҳама, дар номгузории ин китоб инъикос гардидааст. Бо номи миллат номгузорӣ гардидани асари мазкур дар замони идеологияи ҳукмрони марксистии Шӯравӣ далели ҷасорату матонати муаллиф буда, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии Бобоҷон Ғафуровро нишон медиҳад.

Ин асар, барҳақ китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷику тоҷикистонӣ мебошад ва барои такомули худшиносию худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мо нақши муҳим дорад.

Дар замони Истиқлоли Тоҷикистон арзиши илмӣ ва бунёдии асар ва қадру манзалати он хеле афзуд. Маҳз арзиши бузурги асар барои тарбияи ифтихори ватандорӣ мебошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар-Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22 декабри соли 2019, барои бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар ҳадя намудани шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар супориш доданд.

Тавре маълум аст, тибқи ин дастури Пешвои милат дар асоси ин амри махсус китоби “Тоҷикон” бо теъдоди хеле бузург ва бо сифати баланд нашр гардида, ба ҳар як оила тақдим карда шуд, ки воқеан барои худшиносии миллӣ ва таҳкими хотираи таърихии мардум заминаи боэътимод гузошт.

Яке аз паҳлуҳои муҳимтарини таълифот дар китоби “Тоҷикон” пайдоишу ташаккулёбӣ, низоми идорӣ ва сабабу омилҳои фурӯпошии давлатҳо дар сарзамини Осиёи Марказӣ ва умуман Хуросону Вароруд (Мовароуннаҳр)-и таърихӣ мебошанд, ки мавқеи асосиро дар ин миён ташкили давлатҳои миллӣ ишғол менамоянд.

Шоҳасари “Тоҷикон” дар доираи шаш фасл мураттаб гардида, ҳар як фасли он бобҳои алоҳидаро дар бар мегирад, ки таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои ташаккулёбии аввалин фарматсияи ҷамъиятӣ-сохти ҷамъияти ибтидоӣ дар Осиёи Миёна то ибтидои асри ХХ фаро мегирад. Ҳамзамон, маълумоти мухтасари манбаъҳои таърихӣ, рӯйхати адабиёт ва маъхазҳои иқтибосшуда, феҳристи номҳои тамоми асар дар охири китоб оварда шудаанд.

Дар фасли якуми китоб масъалаи равандҳои этникӣ дар асри биринҷӣ дар миёнаи ҳазорсолаи II пеш аз мелод, таркиби нажодии аҳолии Осиёи Миёна дар аҳди биринҷӣ ва масъалаи ориёӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, исбот гардидааст, ки ориёиҳо аҷдодони қадимтарин халқи тоҷик ва дигар халқҳои эронӣ буда, нахустмеҳани онҳо – Арянам веҷ низ дар ҳамин минтақа будааст ва ориёҳо аз ҳамин Осиёи Марказӣ ба минтақаҳои дигар, аз ҷумла Эрони Ғарбиву Ҳиндустон, Кафказу сарзамини славянҳо ва Аврупои шарқию марказӣ ҳиҷрат карда, бо халқҳои мухталиф омехта гардида, умумияти ҳиндуаврупоиро ташаккул додаанд.

Бояд қайд намуд, ки баъди нашри нахустини асари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров 50 сол сипарӣ гардид ва дар ин марҳила дар илми таърихнигории ватанию хориҷӣ кашфиётҳои зиёд ба вуҷуд омаданд, илми генетика ба хизмати илми таърих ворид гарид ва бисёр масъалаҳои баҳсноки этногенези халқҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла ориёиҳо муайян гардиданд.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани ин асари арзишманд қайд намудаанд: “Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем”. Ин суханони Пешвои миллат дар шароити имрӯзаи вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва минтақа аҳамияти бештар доранд.

Оре, омӯзиши таърихи миллат танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои ояндаи нек ва шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Вобаста ба ин, дар шароити имрӯзаи вазъи геополитикии ҷаҳон ва таҳдидҳои замони муосир ҳар як миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян намояд. Зерро асари воқеан арзишманди “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар ташаккул ва тақвияти худшиносию худогоҳӣ ва хотираи таърихии миллат ҳамчун фишанги муҳимми ҳифзи арзишҳои миллӣ ва манфиати давлату миллат дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир нақши калидӣ дорад. Дар навбати худ худшиносию худогоҳӣ ва хотираи таърихии миллат фишанги пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мебошад.

Ҳамин тавр, омӯзиш ва ташвиқи мазмуну мундариҷаи шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар ташаккули хотираи таърихии мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, ифтихори ватандории ҳар як фарди ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар шароити давлати соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат нақши муҳим дорад.

Баҳриддин АЛИЗОДА,

мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои

гуманитарии Академия, номзади

илмҳои филологӣ, дотсент