Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вусъати пояи қарордодӣ-ҳуқуқии робитаҳоро баррасӣ карданд

23 феврал Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо раванди музокирот оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта байни ҷонибҳоро оғоз карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқоти ҳайатҳо бо назардошти рушди босуботи Тоҷикистон ва гуногунҷанба шудани робитаҳои мутақобила зарурати бознигарӣ кардани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории аз соли 2005 амалкунанда таъкид карда шуд.

Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта дар баробари густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои савдо ва тиҷорат инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсату амният ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон