Соли гузашта Тоҷикистон бо 52 давлати хориҷӣ низоми бе раводиди яктарафа ҷорӣ намуд

Аз 1 январи соли 2022 мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бо 52 давлати хориҷӣ низоми бе раводиди яктарафа ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода шуд.

Тибқи «Қоидаҳои барасмиятдарорӣ дар бораи додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд», номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 25 январи соли 2017 тасдиқ шудааст.

«Бояд иброз намуд, ки номгӯи мазкур аз соли 2009 инҷониб аз 68 кишвар то ба 126 давлат расонида шуд. Дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз соли 2016 таҳияи раводиди электронии Тоҷикистон ба шаҳрвандони давлатҳои дар номгӯй гуфташуда роҳандозӣ карда шуд. Таҳия ва пешниҳоди дигар ташаббусҳо барои боз ҳам ҷолибтар кардани ин низоми фаъолият минбаъд низ матраҳ хоҳад шуд»,-гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ.

Соли 2022 созишномаҳо оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Сербия, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла, инчунин Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расонида шуданд.

Дар айни замон Тоҷикистон бо 183 давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»