Рушди имкониятҳои сайёҳиро дар Сафед-дара баррасӣ карданд

Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар доираи курсҳои бозомӯзии Раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамоиш дар мавзӯи “Рушди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” дар  Маҷмааи лижаронию варзишии Сафед-дара бо иштироки намояндагон аз ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, инчунин, намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи мамлакат баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори соҳа, ҷалби сармоя, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имконоти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфиятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ, инчунин ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Барои рушди сайёҳӣ зарур аст, ки ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар он саҳм бигиранд. Дар Тоҷикистон имконияти сайёҳӣ ниҳоят фароханд ва бояд ташвиқу тарғиби онҳо ба таври дуруст ва ҷалбкунанда ба роҳ монда шавад. Танҳо дар ҳамин ҳолат сайёҳиро дар Тоҷикистон ба сатҳи баланд баровардан мумкин аст. Аз ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки дар дохили Тоҷикистон сайру сайёҳат кунанд ва бо ин васила муаррифгари симои сайёҳии ҷумҳурӣ бошанд.

Дар пайи ин гуфтаҳо пас аз интиҳои намоиш иштирокчиёни чорабинӣ ба сайёҳат баромада, аз имкониятҳои хизматрасонии Маҷмааи сайёҳии Сафед-дара дидан намуданд.

Дар Маҷмааи Сафед-дара инфрасохтори муосир, хизматрасонӣ ва шароити муносиби ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо барои фароғат роҳи танобӣ, маконҳои лижаронӣ, сноуборд, конкитозӣ барои кӯдакону калонсолон ва дигар шароит фароҳам оварда шудаанд.

Қобили қайд аст, ки сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо кардани сокинон аз имконоти гардишгарии мамлакат, шиносои бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ аз мавзеҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандориро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.