Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон меояд

Рӯзҳои 2-3 март сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақша  аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Зимни сафар рӯзи 2 март иштироки  Михаил Мишустин дар конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 миллион сармояи русӣ ворид гардидааст. Инчунин дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Русия даҳҳо корхонаҳои муштараки саноатӣ, инфрасохтори гуногун, бахусус муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»