НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ITB BERLIN 2023. Ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар он омодагӣ мебинад

3 феврал дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣки дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2023 иштирок менамоянд, ҷаласа  баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Ба роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар кори намоиш, муаррифии шоистаи иқтидорҳои сайёҳӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, нишон додани эҳсоси баланди ватандорӣ ва меҳмондории миллати тоҷик тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» дар масоҳати 20 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад.

Имсол дар намоишҳои ITB Berlin беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ бартарияти рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷик ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд.

«ITB Berlin» намоишгоҳи пешоҳанги тиҷоратии ҷаҳонӣ ва тарғиботӣ оид ба имконоти сайёҳии ҳар давлат мебошад. Бо дастгирии ҳамешагии Ҳукумати мамлакат иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои таблиғи захираҳои сайёҳии мамлакат бисёр муфид буда, имкон медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз қораи Аврупою Осиё вусъат дода шавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон