Дар шаҳри Женева низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд

Зимни вохӯрии корӣ дар шаҳри Женева, қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии савдо масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар низоми Тоҷикистон ва дастовардҳои он муаррифӣ карда шуданд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода роҳбарӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисоди мамлакат хабар доданд.

Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор ба Тоҷикистон кумаки техникӣ ва мусоидат сурат гирад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати расмии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои гуфташуда баён намуд.

Инчунин пешниҳод ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ ва мусоидат ба Тоҷикистон аз тарафи созмон дастгирӣ ёфт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон