Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ баррасӣ гардид

22 феврал дар Душанбе ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда баррасӣ карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки муҳлати фаъолияти Сезин Синаноғлу ҳамчун ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон