АРҶ МЕГУЗОРЕМ. Дар Бохтар Осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода таъсис меёбад

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 27 декабри соли 2022 Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шуд. Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон тасмим гирифтааст дар ин макони фарҳангӣ осорхонаи ҳаҷвнигори нотакрори тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозодаро таъсис диҳад. Дар ин хусус дирўз, 31 январ зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта шуд, ки дар вилоят 890 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 492 адад китобхона, 286 адад муассисаҳои клубӣ 3 адад филармонияи халқӣ 3 адад театрҳои касбӣ, 35 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 адад осорхона мавҷуд аст, ки аз ин шумора 52 китобхона, 36 иншооти фарҳангӣ таъмирталаб мебошанд.

Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода иттилоъ дод, ки дар ҳудуди вилоят 3 адад ансамблҳои касбии «Шашмақом», «Хутал», «Фалак», 1 ансамбли рақсии «Ситора»- и шаҳри Бохтар ва 11 ансамблҳои рақсӣ фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик 17 феврали соли равон дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ солҳои охир вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.

Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ҳунарманд соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, корро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа оғоз намуд. Ӯ дар ин ҷо ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карда, чандин солҳо роҳбарии ин театрро бар дӯш дошт.

А. Абдуллоев барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзиш соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2013 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ҳунарпешаи нотакрор дар намоишҳои театрии «Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» нақшҳои марказиро бозидааст.

Ҳамчунин ҳунарманд дар филмҳои «Братан», «Падари маҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои мондагор офаридааст.

Ҳунарманди маъруф бо таҳияи барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин», ки тайи 10 соли охир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мегардид, миёни тамошобини тоҷик аз маҳбубияти хос баҳравар буда, ҳаводорони ҳунараш рӯз то рӯз меафзуданд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»