Мисгарӣ – яке аз навъҳои қадимтарини ҳунармандӣ

Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон   яке аз толорҳои намоишии шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна ба ҳунари мисгарӣ бахшида шудааст. 

Дар ин толор беш аз 430 намунаҳои гуногуни зарфҳои мисӣ  ба намоиш гузошта шудаанд, ки аксарияти онҳо дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳисор, Истаравшан, Кӯлоб, Вахш, Хуҷанд, Душанбе ва ғайра ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки мисгарӣ ин ҳунари аз мис сохтани олоти рӯзгор ва ашёи мухталиф буда, яке аз навъҳои қадимтарини ҳунармандист. Аз давраи қадим ниёгони мо аз мис ҳар гуна зебу зинати мардонаю занона ва ашёи рӯзгор месохтанд.  

Гуфта мешавад, ки бостоншиносон ҳангоми ҳафриётҳо аз шаҳри Ҳаловарди Хатлон ва деҳаи Шоли шаҳри Ҳисор дафинаи зарфҳои мисии давраи Сомониён аз қабили кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, шамъдонҳо ва амсоли инҳоро кашф намуданд, ки дар онҳо нақшҳои гуногун  ба назар мерасанд. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки инсоният бо маъдани мис дар ҳазораи 4-и то мелод шинос гардида, аз мис сохтани ороишот ба монанди ангуштарину дастпонаҳо ва овезаҳоро шурӯъ намуд. Дар давраҳои баъдӣ бошад, мардум аз мис сохтани зарфҳоро омӯхтанд, ки давраи рушди он ба асрҳои 9-10 мелодӣ нисбат дорад.

Имрӯз намунаҳои олии зарфҳои мисиро, ки аз ҳунару ҳунармандии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дарак медиҳанд метавон дар Осорхонаи миллӣ дидан намуд.