ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ БА КАСБОМӮЗОН ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ОМӮЗОНИДА МЕШАВАД

Зиёда аз 1800 нафар  ҷавон дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ки дар он  35 маҳфил аз рӯи 5 равия амал менамояд,  ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд. 

Омӯзгорони соҳибтаҷрибаи ин маркази касбомӯзӣ ба шогирдон ҳунарҳои чӯбтарошӣ, кандакорӣ дуредгарӣ, челонгарӣ ва ба ҷавондухтарон бошад нозукиҳои ҳунарҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои миллиро меомӯзонанд.

Тавре мушоҳида мегардад, касбомӯзон дар муддати кӯтоҳтарин нозукиҳои касбҳои интихобнамудаашонро аз худ карданд, ки ин аз завқи баланди  онҳо ва ҳунари волои устодонашон дарак медиҳанд.   

Занону ҷавондухтароне, ки дар ин муассиса ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, бештар аз маҳаллаҳои дурдасти ноҳия мебошанд, ки ин тадбир дар беҳ гаштани шароити  рӯзгори онҳо нақши муҳим мегузорад. 

Ташкили чунин марказҳои ҳунаромӯзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид имкон медиҳад, ки тавассути ба роҳ мондани маҳфилҳои гуногун ва ҷалби бештари ҷавонон дар дубора эҳё гардонидани ҳунарҳои мардумӣ нақши муҳим дошта бошад. 

Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбарияти олии мамлакат ҳунару ҳунармандӣ дар мамлакат рушд карда, намунаҳои беҳтарини маҳсули дасти  ҳунармандон  дар ҷашну  чорабиниҳои милливу  байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки ин иқдом боз ҳам завқу ҳавасмандии ҳунаромӯзонро зиёд гардонид.

Мавриди зикр аст, ки дар ин муассиса баробари ҷавонону наврасон калонсолон низ ба омӯхтани касбҳои гуногун фаро гирифта шудаанд, ки вобаста ба интихоб омӯзгорон тамоми нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро ба онҳо меомӯзонанд.