Табодули таҷриба миёни ҳунармандони вилоятҳои Суғду Хатлон

Дар намояндагии Муассисаи давлатии маркази таълими калонсолон дар ноҳияи Данғара Маркази омӯзишии ҷомеаи маҳал ифтитоҳ ёфтаст, ки дорои шароити муосири касбомӯзӣ буда, дар он  тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҳайё карда шудааст.  

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Марказҳои омӯзишии ҷомеаи маҳал дар вилояти Хатлон ва табодули таҷрибаву афкор бо омӯзгорону касбомӯзон, якчанд нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва занону бонувони пешсафи вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара сайёҳати омӯзишӣ анҷом доданд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва занону бонувони пешсафи вилояти Суғд нахуст ба намояндагии Филиали Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Себистон ташриф оварда, бо ташаббускорону кормандони марказ ва баҳрагирандагони он вохӯрӣ намуданд.

Зимни муаррифии шароиту имконоти муҳайёгардида, ба меҳмонон аз вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст сохта шуда, таҷҳизоту лавозимоти зарурии он бо дастгирии шарикони рушд таъмин карда шудааст.

Дар Маркази омӯзиши ҷомеаи маҳал ҳамчунин хизматрасониҳои машваратии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба аҳолӣ ба роҳ монда шуда, мувофиқ ба талаботи аҳолӣ мутахассисон фаъолият менамоянд. Ҳадаф аз ин тадбир рушди ҷомеаи маҳал ба воситаи пешниҳод намудани маълумоти касбӣ ва хизматрасонии машваратию кӯмаки амалӣ ба онҳо мебошад, ки ба беҳтар шудани имконоти шуғл, баланд бардоштани худбаҳодиҳӣ, фаъолсозии масъулияти шаҳрвандӣ, ташаккули малакаҳои касбӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар марказ дар баробари калонсон наврасону ҷавонон низ ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шуда, ба онҳо малакаи кор бо дастгоҳҳои техникӣ ва коммуникатсионӣ омӯзонида мешаванд.