115-СОЛАГИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров бо чопи китоби «Тоҷикон» ҳудудҳои асосии ташаккули халқи тоҷикро чун этнос илман асоснок намуд

Моҳи декабр дар Тоҷикистон 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо тантана таҷлил гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар мамлакат баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили нишасту ҳамоишҳо ва  нашри китобу мақола вобаста ба ҳаёту фаъолияти академик,  нақши шоҳасари  «Тоҷикон» дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар назар дошта шудааст.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ  «Чеҳраҳои мондагор» чунин нигоштаанд: «Дар ташаккули ҳар халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад. Яке аз чунин чеҳраҳои мондагор фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки ҳамчун ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва роҳбари аввал дар рушду пешрафти ҷумҳурӣ ва ҳамчун олим ва муҳаққиқ дар омӯзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии миллат нақши бориз гузоштааст».

Имрӯз дар робита ба бузургдошти ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду нумӯи илми тоҷик агар мо ба роҳи тайкардаи илми таърихшиносии миллӣ назар андозем, дар саргаҳи он устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва як гурӯҳ шарқшиносони шинохтаро мебинем.

Агар устод Айнӣ бо усули таҳқиқ ва назару пажуҳишҳои таърихии худ дар таҳкими донишҳои таърихӣ ба илм мусоидат намуда бошад, академик Бобоҷон Ғафуров бо пажуҳиш ва ҳунари волои роҳбарию ташкилотчигии худ дар саргаҳи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик меистад.

Робитаи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик бо номи академик Бобоҷон Ғафуров ба назари мо, пеш аз ҳама, дар чанд самт зоҳир меёбад. Он кас  бо коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, методологияи он, бахусус даврабандии таърихи халқи тоҷик, гузориши масоили пажуҳишӣ, таҳқиқоти бунёдӣ, ташвиқу тарғиби донишҳои таърихӣ, муаррифии таърихи халқи тоҷик дар дохил ва беруни ҷумҳурӣ ва иштироки бевосита дар ташкили фаъолияти марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси илмӣ нақши барҷаста гузоштааст.

Академик Бобоҷон  Ғафуров фаъолияти касбии худро аз рӯзноманигорӣ оғоз намуда, аввалин мақолаҳои ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бедории тоҷик» соли 1928 ба чоп расидаанд, ки мавзуи асосиии онҳоро низ масоили таърихӣ, муборизаи ҷомеаи нав ва кӯҳна ва ғайра ташкил медоданд.

Рӯ овардани академик  ба пажуҳиши илмии таърихи халқи тоҷики охири солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд. Қадами аввал дар ин самт ба чоп расидани ду рисолаи илмӣ- «Ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ» ва «Афтидани аморати Бухоро» («Падение Бухарского эмирата: к 20-летию Советской революции в Бухаре (1920-1940 гг.»), дар ҳаммуалифӣ бо Николай Прохоров маҳсуб мешавад. Таваҷҷуҳ ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз тарафи як нафар ҷавони содиқ ба ҳокимияти нав ва ҳадафҳои асосии он бесабаб набуд.

Агар аз як тараф тавассути фаъолияти рӯзноманигории худ ба масоили таърихӣ бештар шинос шуда бошад, аз тарафи дигар, ӯ аз авзои сиёсию ҳуқуқии мардуми тоҷик ва маҳдуднамоии сунъии ҳуқуқу манфиатҳои он дар ибтидои асри XX ва махсусан, дар ду даҳсолаи аввали мавҷудияти ҳокимияти шуравӣ пурра бархурдор буд. Бобоҷон Ғафуров роҳи асосии ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои халқи худро дар таҳқиқ ва муаррифии таърихи бой ва пурғановати он дид, роҳҳои дигар дар он солҳои равнақи таъқиботи сиёсӣ басе хавфнок ва фоҷиаовар буд.

Бо ин мақсад Бобоҷон Ғафуров соли 1940 роҳи таҳсил дар аспирантураро пеш мегирад ва 11 апрели соли 1941 дар Шурои махсуси Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд.

Ҳарчанд пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ ӯро оҷилан барои ишғоли вазифаҳои баландтари ҳизбию давлатӣ ба ҷумҳурӣ даъват менамоянд, вале ӯ аз таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар канор намемонад. Соли 1942 бо ҳамроҳии Николай Прохоров мақолаи илмие доир ба муборизаи халқи тоҷик ба муқобили ғосибони бегона ва истилогаронро дар маҷмуаи «Кори мо ҳақ, душман саркӯб хоҳад шуд» ба нашр мерасонад.

Соли 1944 дар заминаи ҳамин мақола рисолаи илмии Бобоҷон Ғафуров ва Николай Прохоров «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» аз чоп баромад. Баробари ин соли 1945 маҷмуаи «Мавод оид ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» китоби якум аз ҳамин силсила таҳти роҳбарӣ ва зери таҳрири ӯ чоп шуд.

Солҳои 1942-1948 Бобоҷон Ғафуров дар баробари иҷрои вазифаҳои масъули сиёсию давлатӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши таърихи Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравиро низ ба зимма дошт. Рисолаи илмии «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» дар доираи фаъолияти ҳамин шуъба омода гардид.

Ин китоб нахустин рисолаи илмии фарогирандаи таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то соли 1944 буд, ки 23 фасл дошта, фасли аввали он «Гузаштаи пурғановати халқи тоҷик» номгузорӣ шудааст. Арзиши илмии китоб, пеш аз ҳама, дар он аст, ки бори аввал муаллифон ҷасурона таърихи тоҷиконро дар алоҳидагӣ ва тибқи талаботи методологияи нав ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд. Дар он шароит ба чунин шакл манзур намудани таърихи халқи тоҷик ва ба замми он, ҳамчун сокинони бумӣ ва соҳиби таъриху тамаддуни минтақа муаррифӣ намудани тоҷикон ғайрату ҷасорати беандоза талаб менамуд.

Дар пешгуфтори китоб омадааст, ки «то имрӯз ақидае ҷорӣ аст, ки гӯё навиштани таърихи алоҳидаи тоҷикону Тоҷикистон …… зарурате надорад, мувофиқ ин аст, ки барои тамоми халқҳои Осиёи Миёна як таърихи умумии Осиёи Миёна навишта шавад».

Академик Бобоҷон Ғафуров на танҳо ин чаҳорчӯбаро шикаст, балки исбот намуд, ки таърихи ҳар халқи муқими Осиёи Миёнаро метавон дар алоҳидагӣ таҳқиқ ва таълиф намуд. Баъдан, соли 1949 ӯ менависад, ки новобаста ба муқовимати баъзе аз шарқшиносони шинохта бояд таъкид намоем, ки «ҳар як халқи Осиёи Миёна дорои хусусияти махсус ва таърихи хусусии худ аст».

Бобоҷон Ғафуров дар ин рисолаи илмии худ бо ҷасорати олимона на танҳо талошу муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва ҳимояи марзу буми хеш ба риштаи таҳқиқ мекашад, балки таърихи пайдоиш ва ташаккули тоҷиконро ҳамчун этноси воҳид ва аз қадим сокинони бумии ин минтақа будани онҳо, дар заминаи халқҳои ориёии шарқиэронӣ ташаккул ёфтани тоҷиконро ба миён мегузорад. Дар ҳамин ҷо доир ба ватани ниёгони гузаштаи тоҷикон – ориёиҳо, тақсим шудани онҳо ба ориёиҳои ғарбӣ ва шарқӣ, давлатҳои нахустини ориёӣ маълумот дода, дар заминаи ориёиҳои шарқӣ- суғдиёну бохтариён, хоразмиён, парфиёниҳо ташаккул ёфтани тоҷикон ҳамчун этноси воҳид ҷасурона андешаҳояшро пешниҳод менамояд. Ба замми он дар ҳавошӣ оид ба пайдоши истилоҳи тоҷик мулоҳизаҳояшро баён намуда, таъкид менамояд: «Истилоҳи «тоҷик» бо калимаи «тоҷ», ки маънояш «сарир» («венец, корона») аст, алоқаманд аст. Калимаи тоҷик маънои «одами тоҷдор»-ро дорад.

Ҳамин тариқ дар рисолаи нахустини таҳқиқотии ба таърихи халқи тоҷик бахшида Бобоҷон Ғафуров на танҳо зарурати таълифи таърихи комили онро пеш гузошт, балки тавонист масоили умда ва мубрами онро низ муайян намояд. Дар пажуҳишҳои баъдинаи худ ӯ ин масоилро дар заминаи санаду асноди қавӣ ва маъхазҳои хаттӣ боз ҳам асоснок намудааст.

Доир ба зарурати боз ҳам чуқуртар омӯхтани таърихи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров 24 апрели соли 1944 дар ҷаласаи сессияи аввали илмии филиали тоҷикистонии Академияи илмҳо зарурати таҳқиқу таълифи таърихи комили халқи тоҷикро пеш мегузорад. Ва дар роҳи иҷрои ин вазифа ӯ аввалин шуда, соли 1947 нахустин таърихи ҷомеи халқи тоҷикро бо унвони «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» манзури муҳаққиқону хонандагон менамояд. Ин таълифот аввалин ва қотеътарин ҷавоби побарҷое буд ба муқобили таърихсозони гузаро, ки илми таърихро бо мақсадҳои ғаразмандонаи сиёсии худ истифода мебурданд.

Устод Садриддин Айнӣ дар тақризи муфассали худ ба «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» чоп шудани ин китобро самимона табрик намуда, онро «дар пешрафти маданияти тоҷик ҳодисаи бузург» номидааст.

Академик Бобоҷон Ғафуров бо чопи тоҷикии ин китоб қаноат накарда, онро бо иловаю такмил ва таҷдиди назар ба забони русӣ зери унвони «История таджикского народа в кратком изложении: С древнейших времен до Великой Октябрьской социалистической революции 1917г.» (Таърихи халқи тоҷик дар баёни мухтасар: Аз замонҳои қадим то инқилоби Кабири сотсиалистии Октябр дар соли 1917».) соли 1949 дар Москва нашр намуд.              Доир ба зарурати таълифи китоб Бобоҷон Ғафуров таъкид менамояд, ки «то ин вақт таърихи навишташудаи тоҷикон мавҷуд набуд. Асарҳои зиёди олимони шуравӣ ва шарқшиносон асосан таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро дар маҷмуъ инъикос намуда, таърихи алоҳидаи халқҳои муқими ин минтақаро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд». Ин таҳқиқоти бунёдии Бобоҷон Ғафуров бо такмилу иловаҳо боз ду маротибаи дигар, солҳои 1952 ва 1955 дар Москва аз чоп баромад.

Чопи тоҷикӣ ва русии таърихи ҷомеи халқи тоҷик қадами аввал дар таҳқиқи таърихи комил ва пурраи сокинони бумии Осиё Миёна – тоҷикон буд. Нақши ин ва дигар таълифоти академик Бобоҷон Ғафуров, пеш аз ҳама, дар он аст, ки новобаста аз нооромии замон ва чаҳорчӯбаи маҳдуди идеологӣ, ҳадафҳои ғаразмандонаи бархе аз муаррихон ва ҳатто мактабҳои таърихнигории минтақа дар доираи принсипи интернатсионализм ва дӯстии халқҳо тавонист таърихи пурғановати халқи тоҷикро барои мардуми тоҷик ва ҷаҳониён навишта кунад, балки ба ҳама он тоҷикситезоне, ки мавҷудияти ин халқи тамаддунофарро инкор намуда, онҳоро омада ё зери таъсири фарҳанги дигарон афтода мепиндоштанд, ҷавоби сазовори олимона диҳад.

Таълифоти Бобоҷон Ғафуров ҳамеша дар асоси мадраку сарчашмаҳои илмӣ иншо шуда, дар марказҳои калони илмии он давра мавриди баррасию қазоват қарор мегирифт.

Баробари таваҷҷуҳ ва пос доштани таърихи миллати худ ӯ ба таъриху фарҳанги дигар халқҳо, пеш аз ҳама, халқҳои минтақа арҷ мегузошт. Аммо ба онҳое, ки ба таърихи миллати тоҷик назари манфӣ доштанд ва ё таърихи онро нодида мегирифтанд, ҳамеша ҷавоби солими олимона медод. Масалан, солҳои 30-юми асри гузашта як тамоюле дар байни муаррихон ва умуман олимон паҳн шуд, ки тибқи он бояд таърихи ҳар халқи минтақа дар доираи ҷуғрофияи ҷумҳуриҳои шуравии мавҷуда мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирад. Ҳатто соли 1936 доир ба навиштани китобҳои дарсӣ дар Душанбе конференсияи калоне баргузор шуд ва дар он профессори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна Василий Яротский пешниҳод намуд, ки таърихи халқи тоҷик дар заминаи ҳудуди кунунии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таълиф ва омӯхта шавад. Дар ҳошияи маърузаи ин «таърихшиноси номӣ» Бобоҷон Ғафуров ҷасурона ва бо қатъият изҳори норизоӣ намуда, «консепсияи ғайриилмию ниҳоят зараровар» навиштааст.

Бобоҷон Ғафуров дар ҷавоб ба чунин олимтарошон таърихи халқи тоҷикро на дар чаҳорчӯбаи ҷумҳурии шуравӣ, балки дар тамоми қаламрави тоҷикнишин — Вароруду Хуросон мавриди таҳқиқ қарор додааст. Осори таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон, ки имрӯз берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мондаанд, мансуб ба таъриху тамаддуни тоҷикон мебошанд, на ба он мардуме, ки имрӯз он ҷо сукунат доранд. Имрӯз низ азхудкунии таърих, моли худ ва ба таърихи гузаштаи халқи худ марбут донистани осори таърихию фарҳангии тоҷикон дар қаламрави минтақа бо суръат идома дорад.

Академик Бобоҷон Ғафуров бо асарҳои безавол ва бунёдии худ консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро мураттаб намуда, ҳудудҳои асосии ташаккули халқи тоҷикро чун этнос илман асоснок намуда, даврабандии комилан илмии таърихи халқи тоҷикро пешниҳод намуд. Ин консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз ҷониби олимони шинохта ва марказҳои бузурги илмии сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътироф ва дастгирӣ қарор гирифт ва он имрӯз низ қимати илмии худро аз даст надодааст. Вале, Бобоҷон Ғафуров бо ин қаноат накарда, мӯшикофона таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро боз ҳам мукаммалу комилтар намудааст, ки натиҷаи заҳматҳояш дар роҳи шинохти таърихи ниҳоят тӯлонии мардуми тоҷик чопи асари безаволи «Тоҷикон» аст, ки соли 1972 ба забони русӣ ва солҳои 1983, 1985 ба забони тоҷикӣ манзури хонанда гардид.

Ин китобро, ки Пешвои муаззами миллат барҳақ «шиносномаи миллат» ном мондаанд, имрӯз ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ чун туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки мондагортарин заҳмати фарзанди фарзонаи миллат ба халқу ҷумҳурии азиз мебошад.

«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар заминаи асноду далели сарчашмаю мадракҳои таърихӣ ва таҳлили жарфи пажуҳишҳои илмии таърихшиносию ховаршиносии ватанию хориҷӣ таълиф гардидааст. «Тоҷикон» ҳамчун асари бунёдӣ аз ибтидо аз ҷониби муаррихон ва ховаршиносони ҷаҳон сазовори баҳои арзанда гардид, ки шаҳодати он чопи тақризҳои зиёд аз тарафи олимони шинохта ва тарҷума гардидани он ба забонҳои гуногун дар хориҷа мебошад.

Бобоҷон Ғафуров бо чопи ин шоҳасар исбот намуд, ки тоҷикон дорои таърихи бой ва гузаштаи тӯлонӣ ҳастанд ва ниёзе ба таърихи сохтаю бофта ё таҳрифи таърих надоранд.

Олими шинохта тавассути асарҳои хеш, махсусан «Тоҷикон» ба мо ва оламиён саҳифаҳои таърихи бою рангини миллати тамаддунофари тоҷикро бо ҳама бурду бохташ таҳқиқ намуда, нишон дод, ки ин халқ дорои таърихи зиёда аз шашҳазорсола буда, сокинони аслии Хуросону Вароруд, офарандагони тамаддуни минтақа ва оину суннатҳои наҷиби то имрӯз побарҷои аҷдодӣ мебошад. Тоҷикон дар масири таърих ҳамеша ҳамчун мардуми давлатсозу давлатдор, эҷодкору бунёдкор, тамаддунсозу сулҳофар ва дар баробари ин муборизи роҳи озодию истиқлолият, ҳомии марзу бум ва суннатҳои аҷдодӣ, забони модарӣ ва фарҳанги ниёгон тасвир ёфтаанд.

Академик Бобоҷон Ғафуров ба замми таълифоту таҳқиқоти бунёдӣ, инчунин тавассути талошу заҳматҳои зиёд дар роҳи ташкили муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, марказҳои таърихшиносӣ, тайёр намудани таърихшиносони касбӣ дар ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик нақши амиқ гузоштааст. Кӯшишу талошҳои ӯ дар роҳи ташкили нахустин Донишгоҳи давлатӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳамагон маълум аст. Нақши ӯ дар таъсиси институти мустақили таърих ҳамчун маркази асосии омӯзишу таҳқиқи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷик мавриди таваҷҷуҳ аст.

Хулоса, академик Бобоҷон Ғафуров бо таҳқиқоти мондагори бунёдии худ, коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ва нақши барҷаста дар ташкили марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҳирфавӣ, бешак, бунёдгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб мешавад.

Насрулло УБАЙДУЛЛО,
доктори илмҳои таърих, профессор

АКС аз манбаъҳои боз