Маросими ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат»

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи озмуни мазкур муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ муовини сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иброз доштанд, ки озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуввум аст, ки бо мақсади амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» аз рӯи 7 номина: «Математика», «Физика ва астрономия», «Кимиё», «Биология», «Ҷуғрофия», «Технологияи иттилоотӣ» ва «Ихтироот ва навоварӣ» баргузор мешавад.

Дар даври ҷумҳуриявӣ 374 нафар ғолибони даври 3-юми озмуни мазкур аз шаҳру навоҳии мамлакат иштирок ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон мегардонанд.

Аъзои ҳакамон дар даври ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби олимону муҳаққиқони варзидаи мамлакат дар самтҳои алоҳида ба иштирокчиён баҳогузорӣ хоҳанд кард.

Пас аз маросими ифтитоҳ иштирокчиён мустақиман ба маконҳои баргузории озмун – толорҳо ва озмоишгоҳҳои пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи номинаҳо фиристода шуданд.

Тибқи барномаи озмун, 22 ноябр вохӯрии иштирокчиён бо адибон дар назар дошта шуда, 23 ноябр аз Осорхонаи таърихию бостоншиносӣ дидан мекунанд. Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» 25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.