Дар вилояти Суғд озмуни “Ҳунарманди сол” баргузор шуд

Даври вилоятии озмуни “Ҳунарманди сол” дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан доир карда шуд, ки дар он ҳунармандон ва дӯстдорони ҳунарҳои мардумӣ, ғолибони даври аввали озмун, ки дар 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд гузаронида шуда буд, фаъолона иштирок намуданд.

Озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия ва 30 равия аз қабили кандакорӣ, дуредгарӣ, шонатарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, кашидадӯзӣ читгарӣ ва ғайра баргузор гардида, ҳунармандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд маҳсули эъҷози дастони хешро ба маърази санҷишу баҳогузорӣ ва намоиш гузошта буданд.

Аз рӯйи талаботи низомномаи озмун ҳар як амали иштирокчиëни озмунро ҳакамон баҳогузорӣ намуда, тибқи натиҷагирӣ  вобаста ба номинатсия ва равияҳо ғолибонро муайян карданд. Дар даври вилоятӣ Ҳамидулло Маҷидов аз ноҳияи Ҷ. Расулов, ҳунаромӯзони Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, Нисолат Бобоева аз ноҳияи Спитамен, Муҳиба Аҳмадова аз шаҳри Конибодом, Мавҷуда Ҳакимова аз шаҳри Хуҷанд ва Иброҳим Мирзозода аз шаҳри Истаравшан муваффақ гашта, дар даври ниҳоии озмун ҳуқуқи иштирок пайдо намуданд.