“Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”

Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ҳамоиши илмӣ –маърифатӣ оид ба натиҷагирӣ аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баргузор гардид.

Дар ҷараёни баргузории ҳамоиши мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Сафорати Ҷумҳури Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони вазорату идораҳои марбута иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ баромадкунандагон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ яке аз намоишҳои ёдгориҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, дар самти муаррифии тиърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати  тоҷикон ҳамчун бузургтарин ва нодиртарин намоиш шинохта шудааст. Саҳми намоиши мазкур дар инъикоси таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим ва назаррас мебошад”

Ҳамчунин зикр гардид, ки аввалин маротиба дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо сарпарастӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон 13 октябри соли 2021 ифтитоҳ гардида то 8- уми январи соли 2022 идома ёфт, ки дар муддати се моҳ таъриху тамаддуни ғанӣ, мавзеъҳои таърихӣ, осори фарҳангию ҳунармандии қадимӣ, санъати нотакрори миллати шарафманди тоҷик ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Бино ба иттилои масъулин ҳар моҳ аз намоиши мазкур 12-13 ҳазор нафар сокинони Ҷумҳурии Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо дидан карданд. Дар намоишгоҳ мардуми Аврупо бо санъати меъмории миллӣ, расму оин, таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик, табиати мафтункунанда, захираҳои бузурги об, имконияти сайёҳӣ, кӯҳҳои баланд, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар маҷмуъ аз таърихи оламшумули миллати тоҷик бархӯрдор гаштанд.

Маврид ба зикр аст, ки шакли сайёри намоиши Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ бо ибтикори Осорхонаи милӣ давра ба давра дар ҳама шуҳру навоҳии мамлакат ба намоиш гузшта шуд, ки ба ин восита қишрҳои гуногуни ҷомеа бо нигораҳои нодири ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуданд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин мувзӯҳои “Аз таърихи ташкили намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”” ва “Таркиби тамошобинони намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”” мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифта, дар фарҷом миёни иштирокчиёни ҳамоиш оид ба натиҷагирӣ аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” муҳокима ва табодуои афкор сурат  гиифт.