ТАҶЛИЛИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳамасола 27 сентябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи  умумиҷаҳонии  сайёҳӣ таҷлил мегардад. Ин сана дар саросари ҷаҳон аз соли 1979 ҷашн гирифта шуда, ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ байни кишварҳо ва халқиятҳои гуногуни олам мебошад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлили ин рӯз дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоиши сатҳи баланд баргузор гаридид. 

Дар ҳамоиши мазкур намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва ҳамчунин роҳбарони  ширкатҳои сайёҳии вилоят иштирок доштанд. 

Нахуст, иштирокдорони ҳамоиш аз намоишгоҳи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи сайёҳӣ ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Дар идома дар  ҷараёни суханронӣ  намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди сайёҳии кишвар ва имкониятҳои он барои сайёҳони дохилу хориҷ баромад намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон сарзамини маҳбуб ва ҷолиби диққати дўстдорони сайру саёҳати ҷаҳониён гашта, бо симои давлати амну осоишта дар замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардид ва дар раддабандиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи намоён касб намуда истодааст.  Ҳамин тавр, Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар вилояти Хатлон дар сатҳи басо баланд таҷлил гардид.