Ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон меафзояд

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон ба Тоҷикистон тақрибан 370 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 238 ҳазор ё тақрибан 2,9 маротиба зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ 344 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 22,1 ҳазор нафар сайёҳон аз кишварҳои Амрико, Фаронса, Олмон, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои баланд ва табиати нотакрор мебошад.  Аз ин рӯ, сайёҳони хориҷӣ бештар ба тамошои қуллаҳои баланди кӯҳҳои Тоҷикистон, аз қабили кӯҳҳои Помир, Фон, Ҳисор ва тамошои дигар зарфиятҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон меоянд. Сайёҳони хориҷӣ ҳангоми боздид аз Тоҷикистон бештар ба сайёҳии кӯҳнавардӣ, шиноварӣ, дарёнавардӣ, шикор, моҳидорӣ, аспсаворӣ, боздид аз маконҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ, ки солҳои охир хеле рушд намудаанд, машғул мешаванд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 288 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва мотел, 50 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат ва кемпинг, инчунин 5 пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 49 ададаш дар Бадахшон, 41 адад дар Суғд, 18 адад дар Хатлон, 116 адад дар шаҳри Душанбе ва 18 адад дар шаҳру навоҳии тобеи марказ фаъолияти густурда доранд. Ҳар кадоми онҳо баҳри муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи кишвар, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас мегузоранд.